Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Маҳсуд ба ҷангҷӯёни тарсӯ


Фармондеҳи "Толибон"-и Покистон ҳушдор дод, ки ҷойи сарбозони тарсуву буздил дӯзах аст. Ҳикматулло Маҳсуд ба ҷангиёнаш гуфтааст, ки онҳо наметавонанд бидуни иҷозаи фармондеҳон майдони набардро тарк намоянд. Ӯ гуфт, онҳое, ки аз майдони ҷанг фирор мекунанд, ҳатман ба дӯзах хоҳанд рафт.
Низомиёни Покистон ин изҳороти Ҳикматулло Маҳсудро бо амалиёти густардаи низомӣ дар Вазиристони ҷанубӣ марбут мекунанд, ки, ба гуфтаи онҳо, бар асари зарбаҳои шадиди артиш теъдоди зиёди ҷангиёни толиб кушта шуда, бархеяшон аз майдони набард фирор кардаанд.
XS
SM
MD
LG