Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайрати Лавров аз изҳороти вазири хориҷаи Лаҳистон


Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, аз изҳороти ахири ҳамтои лаҳистонияш Радослав Сикорский дар ИМА изҳори ҳайрат кард. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, Сикорский зимни суханронӣ дар Маркази пажуҳишҳои стратегӣ ва байнулмилалӣ дар Вошингтон изҳор намуд, ки Лаҳистон ба кафолати стратегии амниятӣ аз сӯи Амрико ниёз дорад ва барои он, ба гуфтаи ӯ, шаш сарбози амрикоии муҳофизи сафорати Амрико дар Варшава кофӣ нестанд. Сергей Лавров гуфт, ки барои шарҳи бештар бояд бо суханронии муфассали Сикорский ошно шавад. Аз ин пеш мақомоти Лаҳистон аз баргузории тамринҳои низомии Русияву Белорус дар наздикиҳои марзашон изҳори нигаронӣ карда буданд.
XS
SM
MD
LG