Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳмуд Аббос дар интихоботи навбатӣ ширкат намекунад


Раҳбари идораи худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос изҳор намуд, ки ӯ дар интихоботи раҳбари Фаластин дар моҳи январи соли оянда ширкат нахоҳад кард. Дар як паёми телевизионӣ Маҳмуд Аббос ин тасмими худро бо мунҷамид шудани раванди сулҳ миёни Фаластин ва Исроил марбут кард. Ӯ Иёлоти Муттаҳидаро дар он айбдор кард, ки аз сиёсати пешин дар робита ба Ховари Миёна рӯ тофтааст ва болои Исроил барои қатъи бунёди манзилҳои нав дар маҳаллаҳои яҳудинишини Каронаи бохтарии руди Урдун фишор намеоварад.
Айни ҳол маъмурияти Маҳмуд Аббос фақат идораи Каронаи бохтарии руди Урдунро бар дӯш дорад, борикаи Ғаза чанд сол боз таҳти назорати гурӯҳи “Ҳамос” аст.
XS
SM
MD
LG