Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон Рӯзи Қонуни асосиро таҷлил мекунад


Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи Қонуни асосӣ таҷлил мешавад. Ба шарафи ид дар кишвар рӯзи истироҳат эълон шудааст ва дар пойтахту шаҳрҳои дигар сайругаштҳои идона баргузор мешаванд. Ба иттилоъи шаҳрдории Душанбе, имрӯз дар пойтахт дар маҷмӯъ 22 бинову муассисаи нав мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Дирӯз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва мири Душанбе Муҳаммадсайид Убайдуллоев дар ифтитоҳи яке аз ин биноҳои тозабунёд – мактаби нав дар кӯчаи ба номи Ҳофизи Шерозӣ ширкат карда буданд.
Дар арафаи ҷашн Эмомалӣ Раҳмон дар як нишасти ҳукуматӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки Қонуни асосӣ тайи 15 сол рушди кишварро таъмин карда, ин санад "ба ҳуқуқи ҳар шаҳрванд, дахлнопазирии шахс ва озодиҳои сиёсиву иҷтимоиву иқтисодии ӯ арҷ мегузорад". Ҳамзамон раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки “дар ҷомеаи озод ва демократӣ ҳар фард дар баробари ҳуқуқу озодиҳои фитрӣ ҳамчунин дар назди давлат ва ҷомеа масъулу ӯҳдадор аст, зеро ҳуқуқу озодиҳоро наметавон бидуни ӯҳдадорӣ тасаввур кард.
Қонуни асосии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 қабул шуда, ба он то ба ҳол ду бор тағйиру иловаҳо ворид шудаанд. Бори аввал, моҳи сентябри соли 1999 бо пешниҳоди мухолифини собиқ иловаҳо ворид шуданд, ки тибқи онҳо, аз ҷумла, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаққи ташкили ҳизби мазҳабиро ба даст оварданд. 22 июни соли 2003 тағйиру иловаҳои зиёде ба Қонуни асосӣ ворид гардид, ки яке аз онҳо тамдиди мӯҳлати раёсатиҷумҳурӣ аз 5 ба 7 сол буд. Ҳамчунон бар пояи ин иловаҳо як фард имкон пайдо намуд, ки ду бор паи ҳам сарвари кишвар интихоб шавад.
XS
SM
MD
LG