Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи Караҷич то марти соли 2010 мутаваққиф шуд


Трибунали ҷиноёти ҷангӣ барои Югославияи собиқ имрӯз ба раҳбари пешини сербҳои Босния Радован Караҷич вакили дифоъ таъйин карда баррасии мурофиаи ӯро то моҳи марти соли 2010 мавқуф гузошт. Ин тасмим як рӯз баъди он гирифта шуд, ки додситон Ҳилдегард Уэртс-Ретслав аз қозиҳо тақозо кард, ки ба Караҷич як вакилро маҷбуран таъйин кунанд, то ки дар сурати идомаёбии бойкоти додгоҳ аз ҷониби ӯ кори мурофиа халалдор нашавад. Рӯзи сешанбе раҳбари пешини сербҳои Босния дар додгоҳ бори аввал ҳозир шуда гуфт, ки додгоҳ бо оғози мурофиа бидуни ҳузури вай ҳуқуқи ӯро поймол кардааст. Караҷич пофишорӣ дорад, ки барои омӯзиши кулли парвандаи худ фурсати нокофӣ дар ихтиёр доштааст.
XS
SM
MD
LG