Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ирсшинос (генетик)-ҳо мегӯянд, солҳои охир бо таъсири омилҳои гуногун симо ва зарфиятҳои намояндагони миллати тоҷик ба тағйирот рӯбарӯ гаштааст.

Ирсшинос Шарафнисо Қаюмбекова мегӯяд, ки муассир будани генофонди миллат, ба солимии ҷомеа вобастагии калон дорад. Аммо боиси таассуф аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон дар сатҳи давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба муҳим будани ин масъала диққати зарурӣ дода намешавад.
Агар инсон чӣ қадаре ки дар оилаи солим, тарбия ёбад, маводи ғизоии ӯ расанда бошад, муҳити комилро дар ҷомеа пайдо карда тавонад, ӯ зоҳиран ҳам рушд мекунад...

Ба гуфти муҳаққиқ, солҳост, бахши умдаи мардуми Тоҷикистон дар фақру нодорӣ, сардию бебарқиҳои зимистон, камбуди витамину дорувор ва вазъи ноҷӯри равонӣ, махсусан дар хонаводаҳои нокомил бо сабаби муҳоҷирати мардон ба сар мебарад ва ин таъсири ҷиддие ба генфонди миллат дорад.

Маҳмуд Кабирӣ, равонпизишки тоҷик, мегӯд, тағйири ҷисмонии ҳар як миллат тайи солҳои зиёд ба амал меояд. Аммо тааҷҷубовар аст, ки пажӯҳишгарон имрӯз тадриҷан дигар шудани чеҳраи намояндагони миллати тоҷикро шоҳид мегарданд. Чунончӣ, насли нав умдатан қадпаст, чашмтанг, дардманду кундзеҳн ба мушоҳида мерасад.

Вай гуфт: «Ин чандин сабаб дорад. Якум сабабаш ин аст, ки занҳои тоҷик бо вуҷуди вазъи имрӯза дар панҷ сол панҷ кӯдак таваллуд мекунанд. Дар хонаҳои тангу шароити бади модӣ онҳоро тарбияи дуруст карда наметавонанд. Ғизои ҳадди ақал лозимаро барои истеъмоли онҳо таъмин карда наметавонанд.»

Ин равонпизишк афзуд, яке аз иллатҳои дигаре, ки боиси тағйири шакл дар чеҳраи наслҳои нав мегардад, ин шиддат гирифтани хонадоршавии хешутаборӣ байни тоҷикон мебошад. Издивоҷ байни хешу табори наздик сабаби безурётӣ ва нуқси ҷисмонии кӯдакон мегардад.

Шароити сангини иҷтимоӣ ба афзоиши хасисиву мумскиӣ сабаб гашта, ин қабил издивоҷҳои, ба истилоҳ "худиҳо"-ро бештар кардааст.

Ҷонибеки Асрориён, фарҳангшиноси тоҷик, ба ин аст, ки тоҷикон ҳанӯз дар замони шӯравӣ чеҳраи миллии хешро дигар карда буданд. Мардум бештар дар зери фазои маводи кимиёвӣ зист, зани тоҷик солҳо боз дар майдони пахта, аз субҳ то шом заҳмат кашид.

Вай меафзояд, "вақте шахс ботинан қаноатмандии модӣ ва маънавиро эҳсос намекунад, тафаккури озоду солим надорад, рушди зоҳирии он низ вобаста ба зеҳн ва ботини ӯ ба амал хоҳад омад. Агар инсон чӣ қадаре ки дар оилаи солим, тарбия ёбад, маводи ғизоии ӯ расанда бошад, муҳити комилро дар ҷомеа пайдо карда тавонад, ӯ зоҳиран ҳам рушд мекунад."

Аммо аксари пизишкон солимии генфонди миллиро ба саломатии занон марбут медонанд.

Фирӯза Қобилҷонова, пизишки тоҷик бар ин аст, ки дарки аҳамияти тандурустии наслҳои баъдинаи миллат масъулияти ҷиддии пизишконро низ талаб мекунад. Вале иллат ин аст, ки занон ба саломатии хеш ва таваллуди насли солим бетаваҷҷӯҳанд. "Ҳол он ки ҳангоми таваллуд тамоми нуқсонҳои модарон ба кӯдак интиқол меёбанд."

Ба гуфти Шарафнисо Каюмбекова, ирсшиноси тоҷик, чеҳраи имрӯзи миллат, бозтоби ҳамон рӯзгори пурпечутоби камбизоатонаи мардум мебошад. Яъне дар аксари хонаводаҳо дар ҳоле ки буҷаи оила ба таъмини шароити модии 4 фарзанд намерасад, боз ҳам то 6-7 фарзанд ва аз ин ҳам зиёд зоида мешавад. Ва ҳатто ҳастанд оилаҳое, ки аз камбуди вазъи модӣ имкони онро надоранд, ки фарзандони худро дар мактаб савод омӯзанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG