Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пайомадҳои тасмими General Motors


Эътирози коргарони ширкати Opel дар назджи корхонаи худ дар Рюселмшейми Олмон, 5 ноябри соли 2009.

Эътирози коргарони ширкати Opel дар назджи корхонаи худ дар Рюселмшейми Олмон, 5 ноябри соли 2009.

Тағйири ғайриинтизор дар нақшаи фурӯши шӯъбаҳои аврупоии ширкати General Motors cабаби танишҳои сиёсӣ дар равобити миёни ИМА ва Олмону Русия шуд.

General Motors бо пахши изҳороте гуфт, ки музокираҳои чандинмоҳаи худро бо як консортсиуми канадаиву русӣ оид ба фурӯши Opel ба ҳам зада, тасмими худро бозбинӣ мекунад, вале ин масъала боиси нороҳатиҳои Берлину Маскав гардид.
Дар асл, дар охирин лаҳза аз ин созишнома даст кашидани ширкати General Motors ҳуқуқи моро поймол намекунад, вале баёнгари як фарҳанги муколамаи хеле хоссаи ҳамкорони амрикоӣ бо шариконашон мебошад...

Ширкати General Motors, ки ҳамин чаҳор моҳ пеш аз ҳолати варшикастагӣ ва таҷдиди сохторӣ бо кӯмаки ҳукумати ИМА берун омад, гуфт, ки тасмим гирифтааст тамғаи Opel-и олмонии худро ҳифз карда, онро ба ширкатҳои канадаии Magna ва шарики русии “Сбербанк”-и он нафурӯшад.

Бо назардошти заҳматҳои сиёсие, ки садри аъзами Олмон, Ангела Меркел, барои дастёбӣ ба қарордоди Magna-ву Сбербанк ба харҷ додааст, ҳоло аксари таҳлилгарон таҳаввули ахирро дар ин замина зарба ё торсакие ба рӯи пеш аз ҳама мақомодорони Олмон арзёбӣ мекунанд.

Хонум Меркел дар сӯҳбат бо хабарнигороне, ки ҳамроҳи ӯ аз сафари бомуваффақияти Вашингтон бармегаштанд, гуфт, умедвор аст, ҳангоми мулоқоти онҳо бо раиси ҷумҳурии Амрико рӯзи 2 ноябр Барак Обама дар заминаи ин тасмим ҳеҷ хабар надошт. Вале дар сурати огаҳии пешакии вай аз ин тасмим ва пинҳон доштани он, гуфт Меркел, ӯ ин таҳаввулро ҳамчун тасмими таъсиргузор ба равобити миёни ду кишвар арзёбӣ мекунад.

Мулоқоти садри аъзами Олмон, Ангела Меркел ва президенти Амрико, Барак Обама, дар Вашингтон, 3 ноябри соли 2009.
Шӯрои 12-нафаи раҳбарони ширкати General Motors, ки 10 нафари онҳоро Барак Обама таъин кардааст, шоми ҳамон рӯзи мулоқоти ду раҳбар дар бораи тасмими аз фурӯш боздошта шудани Opel расман изҳорот доданд. Баъди ба ҳолати варшикастагӣ расидани ин ширкат Вашингтон ба хотири наҷоти он аз варшикстагӣ саҳмияҳои онро харидорӣ карда буд.

Таҳаввулоти ахир дар амал музокираҳои ҳафтмоҳаи миёни Magna-ву Сбербанкро ба ҳам мезанад, чунки дар ин муддат ҳукумати Меркел барои наҷоти корхонаҳои тавлиди Opel 2,2 миллиард доллар сармоягузорӣ кард.

Он замон Берлин ҳамчунин ризоият дода буд, ки барои таъсиси як консортсиум дар оянда миллиардҳо доллари дигарро ба ин корхона тахсис хоҳад кард. Ва ҳоло бо назардошти таҳаввулоти ахир вазири иқтисоди Олмон, Рейнер Бруедерле, гуфт, ки ҳоло ҳукумат аз ширкати амрикоии General Motors бозпас додани маблағҳои сарфкардаашро талаб хоҳад кард.

Вай гуфт: “Мо маблағҳои андоздиҳандагонро бармегардонем. Андозсупорандаҳо чунин як ҳаққе доранд.”

Дар ҳамин ҳол дар Маскав, ки ин хабар ҳамчунин ногаҳонӣ буду вокунишҳои манфии зиёдро дар сатҳи расонаҳову матбуот ба бор овард, нахуствазир Владимир Путин тағйир ёфтани тасмими General Motors-ро дар охирин лаҳза як қарори такондиҳанда хонд, ки бояд дар додгоҳ дурустии он қазоват шавад.

Рӯзи панҷшанбе бо пахши изҳороте ӯ гуфт, ки тасмими ахир муносибати ғайриҷиддии бизнеси амрикоиро нисбати ҳамтоёни аврупоиашон ба намоиш мегузорад.

Путин гуфт: “Дар асл, дар охирин лаҳза аз ин созишнома даст кашидани ширкати General Motors ҳуқуқи моро поймол намекунад,
Норозигии сарвазири Русия Владимир Путин дар ҷаласаи ҳукумат, Маскав, 5 ноябри соли 2009.
вале баёнгари як фарҳанги муколамаи хеле хоссаи ҳамкорони амрикоӣ бо шариконашон мебошад.”

Opel яке аз тамғаҳои хеле маъруфи мошинҳо дар Аврупо мебошад, вале аз назари таҳлилгарон, бояд барои гузаштан ба тарзи нави истифодаи сӯхти мошинҳо, ки камхарҷу ҷавобгӯи меъёрҳои зистмуҳитӣ бошад, тағйиротеро пушти сар кунад.

Таҳаввулоти дигари нороҳаткунанда барои кормандони корхонаҳои олмониии Opel рӯзи панҷшанбе ин буд, ки General Motors таъйид кард, ният дорад дар бахши аврупоии корхонаҳои худ 10 000 ҷои корро ихтисор кунад.

Вокуниши нахустин ба ин тасмим таҳдиди кормандони чаҳор корхонаи тавлиди Opel дар саросари Олмон ба шурӯи корпартоиҳо гардид, ки гуфтанд, бо кӯмаки иттиҳодияҳои синфӣ ин эътисобҳоро дар тамоми кишварҳои аврупоӣ тавсеа хоҳанд дод.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG