Пайвандҳои дастрасӣ

Аксари ҷавонони вилояти Суғд таҷлили солгарди тасвиби Қонуни Асосӣ дар кишварро хуб дарк мекунанд.

Аммо, ба гуфтаи онҳо, бо даргузашти 15 сол аз тасвиби Сарқонун дар Тоҷикистон, ки кафили баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар кишвар аст, то ба ҳол низоми татбиқи он беранг ба мушоҳида мерасад.

Абдуҷобир, муҳандиси ҷавони суғдӣ, ду сол аст донишгоҳро хатм карда, то ҳол бекор мегардад. Ӯ мегӯяд орзу дошт, ки пас аз хатми донишгоҳ дар ягон корхонаи давлатӣ кор кунад, аммо ҳама талошҳояш барои пайдо кардани кор то ҳол бенатиҷа анҷомидааст. Вай мегӯяд, ки мушоҳида кардааст бидуни воситаву шиносбозӣ ва маблағи кофӣ барои худ коре пайдо карда наметавонад.

Ин дар ҳолест, ки ба мисли Абдуҷобир ҳоло даҳҳо ҷавонони дорои тахассуси олӣ бекор мондаанд ва онҳо аз сабаби набуди шароити кофии иқтисодӣ роҳи ҳалро дар муҳоҷирати корӣ ба беруни кишвар мебинанд.

Дар ҳоле, ки ҷавонон аз набуди ҷои кор шикоят ва набуди корро як камбудии сиёсати давлатӣ арзёбӣ мекунанд, ҳеҷ кадоми онҳо аз поймолшавии ҳуқуқи худ ба кор шикоят намекунад ва ё омода нестанд дар сохторҳои дахлдор рафта худро ба ҳайси бекор сабти ном кунанд.

Коршиносони тоҷик мегӯянд, ки сабаби ин дар набуди низоми муайяни муроқибат аз шаҳрвандон дар Тоҷикистон ва ҳамчун аксуламали он – набуди эътимоди мардум ва махсусан ҷавонони имрӯза ба ин ки баъди шикояти онҳо чизе дигар мешавад. Дар ниҳоят аксари онҳо мегӯянд, ки худ вазъи мушкили ҷумҳуриро хуб дарк мекунанд.

Шаҳло Собирова, як корманди як созмони ҳуқуқшиносони мавсум ба «Ампаро», мегӯяд, масъалаи доғи дигар мушкилоти марбут ба иҷро шудани ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил аст. Дар сурате, ки афзоиши ришваву фасод таҳсили бисёр ҷавонҳои хоҳишмандро дар мактабҳои олӣ номумкин мегардонад, аз тарафи дигар, монеаҳои сунъии ҷорикардаи мақомоти маориф, ба мисли адами ҳузур бо либоси мазҳабӣ, пеши роҳи бисёр духтарҳоро аз таҳсил гирифтааст.

Шаҳло гуфт, ки дар заминаи як пажӯҳиш маълум шудааст, ки дар аксар шаҳру навоҳии Суғд шумори бештари ҷавонон ба таҳсили ҳатмӣ фаро гирифта нашудаанд.

Аксар соҳибназарон, ки ба масъалаи риояи ҳуқуқи конститутсионии ҷавонон дар Тоҷикистон назар доданд, мегӯнд, тамоми мушкил аз ҷараёни овоздиҳӣ дар ҳангоми интихоботҳо шурӯъ мешавад. Аксари ҷавонон медонанд, ки бидуни онҳо ҳам ҳама гуна интихоботи порлумонӣ ё президентӣ баргузор мешавад, онҳо медонанд, ки дар раъйдиҳӣ иштирок накунанд ҳам тасмими барои гурӯҳҳои муайян зарурӣ ҳатман гирифта мешавад.

Ва дар ҳамин ҳол Тоҷиддин, як ҷавони суғдӣ, мегӯяд, ки фосилаи миёни афроди тасмимгиранда дар умури давлатӣ ва мардуми оддиву ҷавонҳои корафтода зиёд мешавад, ки боиси афзоиши дилсардиву ноумедӣ аз ҳукумат мешавад. Он чи ки ҳоло ҳам ба назар мерасад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG