Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндагии як тоҷики муқими Қирғизистон


Азимҷон Отамбеков
Азимҷон Отамбеков

Азимҷон Отамбеков беш аз панҷ сол аст, ки дар шаҳри Бишкек ба сар мебарад.

Тайи ин муддат дар созмонҳои байналмилалии «Пизишкони бидуни марз» ва дафтари минтақавии СММ дар умури мубориза бо маводи нашъаовар вазифа анҷом додааст.

Зимни сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии радиои Озодӣ Азимҷон Отамбеков далел овард, ки чаро муқими Қирғизистон шудааст. Ба гуфтаи ӯ, баъди таҳсил дар Академияи вазорати умури дохилаи Қирғизистон тасмим гирифт, ки барои зиндагии доимӣ дар Бишкек бимонад.

Вай гуфт, дӯстони зиёд пайдо кард ва муҳимтар аз ҳама Олтиной ном духтари қирғизро дӯст дошт. Аммо Азимҷон Отамбековро барои як муддати кӯтоҳ ба Тошканд фиристоданд. Дар конфаронсе, ки дафтари минтақавии СММ дар умури мубориза бо маводи мухаддир дар Тошканд таъсис дод, Олтиной низ ширкат дошт. Ҳамон ҷо ҳар ду машварат намуданд, ки баъди бозгашт ба Бишкек тӯи арӯсиашонро баргузор мекунанд.

Боре дар меҳмонии ӯ мо, як гурӯҳ тоҷикон, филмеро тамошо кардем. Маълум шуд, ки Азимҷон Отамбеков дар наврасӣ ғайр аз он ки дар овоз додани филмҳои ҳунарӣ ширкат кардааст, ҳамчунин дар як филм нақши асосиро бозидааст. Ин филм «Одам таваллуд шуд!» унвон дошт.

Ба гуфтаи Азимҷон Отамбеков, бисёр хушбахт аст, ки маҳз тавассути ин филм бо ҳунармандони номии Тоҷикистон Раҷаб Ҳусейнов ва Гулсара Абдуллоева, ки нақшҳои падару модари ӯро дар ин филм бозидаанд, шинос шудааст ва бо онҳо якҷо нақш офаридааст.

Бояд тазаккур дод, ки завҷаи ӯ Олтиной Арстанбекова ягона зан дар Қирғизистон муаррифӣ шудааст, ки соҳиби унвони баланди доктори илми дорушиносӣ мебошад.

Падари Азимҷон Отамбеков барои муаррифӣ дар Тоҷикистон эҳтиёҷ нахоҳад дошт. Зеро Шодибек Отамбеков - падари ӯ, баъди ташкили студияи телевизионии Тоҷикистон солҳои дароз ба ҳайси сартаҳиягар ифои вазифа кардааст. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, Шодибек Отамбеков узви иттиҳодияи синамогарони шӯравии собиқ ва Арбоби шоистаи фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар идомаи сӯҳбати мо, боз ҳамин нукта рушан шуд, ки Азимҷон Отамбеков ба ҳайси як тоҷики муҳоҷир маҳз ба далели забондонӣ, чанд муддат дар пойгоҳи низомии нерӯҳои эътилофи зидди террор дар майдони ҳавоии Манаси Бишкек кор кардааст.

Вай афзуд, вале дар ҳамин ҳол бо завҷааш Олтиноф як бунёд таъсис додааст, ки фаъолиятҳои худро ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии вируси СПИД дар байни наврасон ва ҷавонон равона кардааст.

Азимҷон Отамбеков ҳамчунин узви фаъоли созмони ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ аст. Вай зимни пиёда кардани чорабиниҳои фарҳангӣ ва нашри моҳномаи тоҷикии ин созмон, ки ба номи «Паёми Ала-Тоо» дар Бишкек мунташир мешавад, дасти кумак дароз менамояд.
XS
SM
MD
LG