Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти даҳҳо муҳоҷирони тоҷику ӯзбак дар Русия


Кормандони хадамоти муҳоҷирати Русия хабар доданд, ки ҳафтаи гузашта дар натиҷаи рейде дар як cохтмони шаҳри Красногорски вилояти Маскав беш аз 60 шаҳрванди Тоҷикистону Ӯзбакистонро боздошт карданд, ки санадҳои кориашон мушкил доштааст. Идораи умури дохилаи Красногорск ба хабаргузории Новости гуфт, ки 64 нафари боздоштшуда дар сохтмонҳои хусусии маҳаллӣ бо иҷозатномаҳои кӯҳнаи корӣ кор мекарданд. Дар баробари коргарон кордиҳандаи онҳо ҳам ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, гуфтааст ин мақоми милиса.
XS
SM
MD
LG