Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарнигори Франс Пресс дар Эрон боздошт шуд


Хабарнигоре, ки бо оҷонсии Франс Пресс дар Эрон ҳамкорӣ мекунад, аз ҷониби нирӯҳои амниятии ин кишвар боздошт шуд. Франс Пресс мегӯяд, ки хабарнигор Фарҳод Пӯлодӣ ҳангоми пӯшиши раҳпаймоиҳои эътирозӣ дар Теҳрон рӯзи чоршанбе боздошт шуд. Феълан маҳалли буду боши ӯ мушаххас нест. Рӯзи чоршанбе тарафдорони мухолифини Эрон дар канори намоишҳои эътирозии зиддиамрикоӣ, ки бо иҷозаи ҳукумат дар рӯзи 30-юмин солгарди ғасби сафорати Амрико дар Теҳрон ташкил шудааст, раҳпаймоии худро баргузор карданд. Нирӯҳои амниятӣ эътирозгаронро бо калтакҳо лату кӯб карда барои пароканда кардани онҳо аз гази ашковар истифода карданд. Чанд нафар боздошт шудааст. Кохи Сафед дар Вашингтон гуфт, ки ин рӯйдодҳоро пайгирӣ мекунад. Дар остонаи солгарди ғасби сафорат аз ҷониби донишҷӯёни тундрави эронӣ сӣ соли пеш раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама гуфт, ки мехоҳад ИМА ва Эрон дигар “шакку шубҳа, нобоварӣ ва мухолифатҳо”-ро канор гузоранд.
XS
SM
MD
LG