Пайвандҳои дастрасӣ

Куштори ҷангиён дар Вазиристони Шимолӣ


Тибқи гузоришҳо як ҳавопаймои бидуни халабони амрикоӣ ба Вазиристони Шимолӣ, паноҳгоҳи ҷангиёни Ал-Қоида ва Толибон дар марзи Покистон бо Афғонистон ду мушак партоб кард. Мақомоти кашфи Покистон гуфтанд, ки дар натиҷаи таркиши мушак болои манзили истиқоматие дар рустои Норак чаҳор ҷангӣ ба ҳалокат расиданд. Мақомоти амниятии Покистон гуфтанд, ки ҷангиён ин маҳалро иҳота када аз дохили харобаҳо ҷасадҳои худро берун кашиданд.
XS
SM
MD
LG