Пайвандҳои дастрасӣ

Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи беҳдоштии Қирғизистон, теъдоди мубталоёни зукоми хук дар ин кишвар ба 15 нафар расидааст.

Гуфта мешавад, Қирғизистон ба шумули ҳашт кишваре шомил карда шудааст, ки ба манзури ҷилавгирӣ аз вируси N1N1 бо ваксин таъмин карда мешавад.

Собирҷон Абдукаримов, сартабиби маркази ҷумҳуриявии беҳдоштии Қирғизистон, мегӯяд, таҳқиқоти ахир собит намуд, ки вазъият дар кишвараш боиси нигаронист. Ба гуфтаи ӯ ашхосе, ки ба вируси зукоми хук сироят шудаанд, бояд дар зудтарин фурсат ба пизишкон муроҷиат кунанд ва бистарӣ шаванд.

Яке аз беморон бо сирояти вируси бемории зукоми хук аз Русия ба вилояти Ӯши Қирғизистон баргаштааст ...
Вай афзуд, яке аз бемороне, ки бо сирояти вируси ин беморӣ аз Русия ба вилояти Ӯш баргаштааст, фавран ба пизишкон муроҷиат накардааст ва дар ҳолати хеле вазнин қарор дорад.

Ба гуфтаи Собирҷон Абдукаримов, аз қатори Маскав-Бишкек 10 нафар мавриди муоинаи пизишкон қарор гирифтанд ва маълум шуд, ки ҳафт нафари онҳо бо вируси N1N1 сироят шудаанд.

Сартабиби маркази ҷумҳуриявии беҳдоштии қирғиз гуфт, дар ҳамин ҳол кишвараш барои муолиҷаи 8 ҳазор мубталои вируси зукоми хук доруву дармон муҳайё намуд.

Собирҷон Абдукаримов афзуд, ки бо Созмони ҷаҳонии беҳдошт вориди музокира шудаанд, то ки боз барои 30 ҳазор нафар доруву дармон муҳайё созанд.

Толон Исоқов, мудири департаменти назорати санитарии назди вазорати беҳдоштии Қирғизистон, мегӯяд, ки дар се шабонарӯзи гузашта боз ду бемор ба қайд гирифта шуд, ки ба вируси зукоми хук сироят шудаанд ва як нафари онҳо шаҳрванди Қазоқистон мебошад.

Ба гуфтаи ин манбаъ бо амри вазири беҳдоштии кишвараш пизишкони зиёд барои ҷилавгирӣ аз пахши вируси N1N1 ба минтақаҳо сафарбаркарда шуданд.

Мутахассисони соҳаи беҳдоштии ин кишвар мегӯянд, дар бемористони бемориҳои сироятии ҷумҳуриявӣ ҳашт нафар мавриди муолиҷа қарор гирифтаанд.

Норинбек Айткулуев, сартабиби ин бемористон, ба радиои Озодӣ гуфт, вируси зукоми хук ба зудӣ ба онҳое сироят мешаванд, ки мубталои амрози қанд ва сактаи дил ҳастанд. Вай афзуд, ҳамчунин вируси ин беморӣ ба занони ҳомила низ зуд сироят мешавад.

Оқои Айткулуев гуфт, имунитети ин тоифа одамон қодир нест, ки ба сирояти вируси бемории зукоми хук муқобилият нишон диҳад.

Ба гуфтаи Норинбек Айткулуев агар ҳарорати бадани одам аз меъёр баланд шавад, бояд панҷ рӯз худро бистарӣ кунад ва аз ҳаракатҳои изофа худдорӣ намояд. Вай афзуд, ки дар он сурат шахс аз сирояти вируси зукоми хук наҷот хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG