Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Кушнер аз Аврупо дар робита бо Афғонистон


Вазири хориҷаи Фаронса Бернар Кушнер аз давлатҳои Аврупо даъват кард, ки имкониятҳои маъмурияти нави Афғонистонро дар ҳамоҳангсозии сиёсатҳояшон ба назар гирифта “интизори Вашингтон нашинанд”, ки худ ҳама тасмимҳоро бигирад. Ӯ дар ин замина рӯзи чоршанбе зимни сӯҳбат бо гурӯҳи хурди журналистон дар Париж изҳорот дод. The New York
Times навишт, Кушнер аз он шикоят кард, ки маъмурияти ИМА бидуни машварат бо муттафиқони аврупоиаш стратегияи нави худ дар Афғонистонро тарҳрезӣ мекунад. Вай инчунин гуфт, ки раиси ҷумҳурии ин кишвар Ҳомиди Карзай фасодзада аст, вале агар эътилоф шонси ҳадди аққали муттаҳидсозии Афғонистонро дошта бошад, НАТО “бояд машрӯияти ӯро таъмин кунад”.
XS
SM
MD
LG