Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муттаҳамони куштори вакилу журналист дар боздошт


Муфаттишони рус ду нафарро бо иттиҳоми куштори пурсарусаддои як вакили ҳуқуқи башар ва журналисте дар моҳи январ боздошт карданд. Вакил Станислав Маркелов ва Анастасия Бабурова, хабарнигори таҷрибаомӯзи нашрияи “Новая газета” рӯзи 19 январи имсол дар маркази Маскав ба қатл расиданд. Сухангӯи додгоҳи Маскав гуфт, ки додгоҳ бояд имрӯз тасмим гирад, ки оё ин афрод дар боздошт нигоҳ дошта хоҳанд шуд ё на. Вай гуфт, ки муттаҳамони боздоштшуда, ки ҳудудан 20-сола мебошанд, ду нафар буда як нафарашон зан будааст. Ҳанӯз маълум нест, ки нақши онҳо дар ин куштор аз чӣ иборат аст.
Мавзӯи мазкур имрӯз дар мулоқоти раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев ва раиси хадамоти амнияти федеролӣ Александр Бортников дар Маскав низ баррасӣ шуд. Медведев гуфт:

“Хуб аст, ки ин тадбирҳо дар кӯтоҳфурсат анҷом шуд. Ман мехоҳам, ки хадамоти амнияти федеролӣ ва дигар сохторҳои ҳифзи қонун таҳқиқи ингуна ҷиноятҳоро идома диҳанд”.

Куштори ин ду нафар идомаи қатлҳои чеҳраҳои саршиносу фаъолони ҳуқуқи башар ва журналистон дар Русия дар солҳои охир аст, ки ҳамоно нокушода боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG