Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳмон аз тағйири "зуд-зуди" сарқонун ҳушдор дод


Дар суханронии табрикии худ ба ифтихори 15-солагии қабули конститутсияи Тоҷикистон раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон аз “таъсири манфии зуд-зуд ворид намудаи илова ва тағйирот” ба Қонуни асосӣ ҳушдор дод. Вай гуфт, ки дар паи даҳ маротиба ворид шудани тағйироту иловаҳо ба қонуни асосӣ дар соли 1992 аз ҷониби Шӯрои олӣ “ду президент ва панҷ ҳукумат иваз гардиданд, ки дар маҷмӯъ ҳамаи ин вазъи ҷомеаро мураккаб ва ноором кард”.
Вай гуфт, ки дар муддати понздаҳ сол аз ҷониби парлумони кишвар 900 қонун дар соҳаҳои мухталиф қабул шудааст. Бо муроҷиат ба Қонуни ахиран имзошуда оид ба афви даҳ ҳазор зиндониҳо, ки даҳумин чунин қонун дар тӯли солҳои истиқлолияти Тоҷикистон будааст, қарор аст се ҳазор зиндониҳо аз маҳбас раҳо шаванд.
Дар суханронии худ рӯзи панҷшанбе оқои Раҳмон ҳамчунин ба қабули Қонуни нави дин дар соли ҷорӣ муроҷиат кард, ки аз ҷониби баъзе ҳизбҳои мухолифин ва гурӯҳҳои ҳуқуқи башар баҳсбарангез арзёбӣ шудааст. Вай гуфт, ки арзишҳои ислом барои пешрафти ҷомеа ва тарбияи шаҳрвандон аҳамияти бузург дорад, вале “давлат нисбат ба ҳадафҳои воқеӣ ва сиёсии ташкилоти динӣ бетафовут буда наметавонад”, то ки, ба қавли президент, ин ниҳодҳо фаъолияти худро мувофиқи қонун ба роҳ монанд. “Озодиҳои мо сарҳад дорад ва сарҳади озодӣ дар доираи қонун, адлу инсоф ва дигар арзишҳои башарӣ муайян мешавад” – гуфт ӯ.
XS
SM
MD
LG