Пайвандҳои дастрасӣ

М. Абдуллоҳ: Самбо дар Тоҷикистон рушд мекунад


Маҳмуди Абдуллоҳ, раиси Федеросиюни гуштии самбои Осиёи Марказӣ

Маҳмуди Абдуллоҳ, раиси Федеросиюни гуштии самбои Осиёи Марказӣ

Дар маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» мусоҳибаи хабарнигори Радиои Озодӣ бо Маҳмуди Абдуллоҳ, раиси Федеросиюни гуштии самбои Осиёи Марказӣ ва ҳамзамон дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон, ба таваҷҷӯҳи шунавандагон пешкаш мешавад.

Дастаи мунтахаби гуштии самбои Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон байни бузургсолон, ки аз 5-ум то 9-уми ноябр дар шаҳри Салоникии Юнон баргузор мешавад, ширкат меварзад. Муовини сардовари ин мусобиқа Маҳмуди Абдуллоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 5 варзишгар шомиланд. Инҳо устодони варзиши дараҷаи байнулмилалӣ Пӯлодҷон Солеҳов (дар вазни 90 кг) ва Набимуҳаммад Хоркашев (100 кг), устодони варзиш Эраҷ Раҳимов (52 кг), Мустафо Ҳасанов (68 кг) ва Комилҷон Шералиев (82 кг) мебошанд.

Меҳмони барномаи мо Маҳмуди Абдуллоҳ, раиси Федеросиюни гуштии самбои Осиёи Марказӣ ва ҳамзамон дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон.

Ин ҳафта дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар даври охирини сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 19-сола дар Непал ҳунарнамоӣ кард. Футболбозони ҷавони тоҷик дар гурӯҳи «А» дар се бозӣ бар дастаҳои Қирғизистон бо ҳисоби 4:0, Фаластин бо ҳисоби 3:0 ва Непал бо ҳисоби 2:1 ғалаба карданд, вале дар ду бозии дигар аз дастаи Яман бо ҳисоби 0:3 ва дастаи Урдун бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрданд. Дастаи Тоҷикистон, ки бо 9 имтиёз ҷои севумро касб кард, аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ маҳрум гашт. Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, камтаҷрибагӣ дар бозиҳои байнулмилалӣ ба футболбозони ҷавони тоҷик имкон надод, ки бар рақибони худ – дастаҳои пурқуввати Урдун ва Яман пирӯз шаванд.

Бад-ин тартиб, дастаи Урдун, ғолиби гурӯҳи «А» ва тими Яман, ки ҷои дуввумро касб кард, ба сабқати ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2010 байни футболбозони то 19-сола роҳхат гирифтанд.

Ин ҳафта соҳибони медалҳои нуқраву биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ муайян шуданд. Дастаи «Регар ТадАЗ»-и Турсунзода, ки дар даври 18-ум дар майдони худ тими «Хуҷанд»-и Хуҷандро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дод, ҷои дуввумро касб кард ва бо медалҳои нуқра сарфароз хоҳад шуд. Хуҷандиҳо, ки ҷои севумро азони худ карданд, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида мешаванд. Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, ки пешакӣ ба унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар соли 2009 мушарраф гардида буд, дар даври охирин бидуни рақобат бо «Спитамен»-и Спитамен боз соҳиби се имтиёз шуд. Ҳамин тариқ дастаи «Вахш» бо 46 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқаи имсола қарор гирифт. Дар ин барнома сӯҳбате дорем бо Аслиддин Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.
XS
SM
MD
LG