Пайвандҳои дастрасӣ

General Motors ҳазорҳо ҷои корро ихтисор мекунад


Ширкати мошинсози General Motors таъйид кард, ки ният дорад дар бахши аврупоии корхонаи Opel-и худ 10 ҳазор ҷои корро ихтисор кунад. Изҳороти мазкур баъди он пахш шуд, ки шоми дирӯз General Motors гуфт, ки аз барномаҳои фурӯши Opel ба ширкати канадаии Magna ва шарики русии “Сбербанк”-и он даст мекашад. Тасмими мазкур боиси нороҳатии шадиди ҳукумати Олмон шуд, ки фурӯши Magna-ро тарафдорӣ карда буд, вале дар пай иттиҳодияҳои синфӣ даст ба эътирозҳову коршиканиҳо зада буданд. Ҳоло коргарони олмонӣ ҳарос доранд, ки аз чаҳор корхонаи Opel дар ин кишвар дутояш дар чаҳорчӯби барномаҳои нави ихтисоркунӣ баста мешавад, дар ҳоле, ки бо вуҷуди фурӯши Magna ин корхона ҳамчун гарави ҳифзи ҷойҳои корӣ хизмат мекард. Нақшаи боздошти фурӯши Opel дар дигар бахшҳои ин корхона дар Аврупо, аз ҷумла дар корхонаи тавлиди мошинҳои “Воксҳолл”-и Бритониё мӯҳтотона истиқбол шуд.
XS
SM
MD
LG