Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, пешниҳод кард, ки ба дипломатҳои хориҷӣ ҳаққи ошноӣ бо бойгониҳои давраи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дода шавад.

Президент Раҳмон зимни суханроние бахшида ба 15-умин солгарди қабули Қонуни Асосии Тоҷикистон гуфт: "Дар он солҳо бисёере аз дипломатҳо Душанберо тарк карданд ва имкон надоштанд, он чиро, ки мегузашт, шахсан бубинанд."

Вай афзуд, ба корпуси дипломатӣ пешниҳод карда хоҳад шуд, бо бойгонии наворҳои видеоӣ ва маводи дигари бархӯрди ду тараф дар рӯёрӯии шаҳрвандӣ ошно шаванд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт: "Мову шумо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар натиҷаи поймол гардидани қонуну қонуният ва фалаҷ гардидани ҳокимият қурбониву фирорӣ шудани ҳазорон одамони бегуноҳ, хароб гардидани манзилҳои истиқоматӣ ва бепарастор мондани кӯдакону оилаҳоро бо чашмони худ дидем. Ин сабақи талхи таърихӣ ҳамаи моро доим ҳушдор медиҳад, ки риояи Конститутсия ва қонунҳои давлат ҳамчун кафолати боэътимоди тартиботу амнияти ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд амри зарурӣ ва ҳатмӣ мебошад. "

Бахши аъзами наворҳои видеоӣ ва дигар маводи марбут ба ҷанги солҳои 1992-1997-и Тоҷикистон дар дастрасии дипломатҳо, журналистон ва ҷомеа қарор надорад. Ба ин сабаб чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар дар бораи рӯйдодҳои он давраи Тоҷикистон ақидаҳои гуногун ва хилофи ҳам вуҷуд доранд.

Наздик ба 150 000 нафар дар ин ҷанг кушта ва садҳо ҳазор нафар дар Афғонистон, Русия ва кишварҳои дигар паноҳанда шуда, ба иқтисодиёти кишвар зараре баробар ба 7 миллиард доллар расонда шуд.

Президент Раҳмон дар идома суханаш гуфт, "ангехтани танаффуру бадбинӣ дар ҷомеа осон аст. Оташ гирондан осон аст, вале хомӯш кардани он мушкил. Аммо мардуми тоҷик ҳаргиз дубора қадам ба ин роҳ нахоҳанд гузошт. Мардуми мо аллакай ин таҷрибаро дорад ва дӯстро аз душман фарқ карда метавонад."

Раҳбари Тоҷикистон ҷомеаро ба ваҳдату якдигарфаҳмӣ, сулҳу субот ва риояи қонунҳо даъват карда, гуфт, дар чунин ҷомеа ҳеҷ гоҳ ҳуқуқ ва озодии инсон поймол нахоҳад гашт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG