Пайвандҳои дастрасӣ

СММ садҳо кормандашро аз Афғонистон берун мекунад


СММ мегӯяд, ки садҳо кормандони хориҷии худро барои муваққат аз хоки Афғонистон берун мекунад. Дар изҳороти СММ гуфта шудааст, ки тақрибан 600 корманди ёрирасони хориҷӣ ба маконҳои амн кӯч дода шуда аксари онҳо аз Афғонистон берун бурда мешаванд. Кӯчбандии муваққатии кормандони СММ эҳтимол чанд ҳафта идома кунад, то ки тадбирҳои зарурӣ барои таъмини амнияти мақарри ин созмон андешида шавад. Милали муттаҳид гуфтааст, ки ӯҳдадории худро дар заминаи кӯмак ба мардуми Афғонистон иҷро мекунад ва ҳама талошҳо ба харҷ дода шудааст, то ки аз фаъолиятҳояш дар ин кишвар халалдор нашавад. Дар Афғонистон СММ ҳудудан 5600 коргар дорад ва аксари онҳо шарҳвандони ҳамин кишвар ҳастанд. Тағйироти ахир танҳо 12 дар сади ҳайати ин ниҳодро асар хоҳад кард. Тасмими мазкур баъди он гирифта шуд, ки дар бомбгузории рӯзи 28 октябри соли ҷорӣ болои меҳмонхонаи СММ дар Кобул, ки маҳалли зисти даҳҳо кормандони ин ниҳод мебошад, панҷ корманди хориҷӣ ва се афғон кушта шуданд. Аз ин пеш СММ фаъолияти умдаи худро дар марз бо Покистон мутаваққиф кард, ки ҳоло ба маҳалли даргириҳои шадид табдил шудааст.
XS
SM
MD
LG