Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Э. Раҳмон Рӯзи Сарқонунро ба мардум табрик гуфт


Таҷлили 15-умин солгарди Сарқонуни Тоҷикистон имрӯз бо суханронии раисиҷумҳур дар як нишасти ҳайати баландпояи ҳукумати кишвар оғоз ёфт.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар Кохи Ваҳдати пойтахт мардуми Тоҷикистонро бо солгарди қабули Қонуни Асосӣ табрик гуфт. Вай Сарқонунро «санади муқаддасу тақдирсоз» барои кишвар унвон кард.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ёдоварӣ аз таърихи ин санад гуфт, қабули Сарқонун оғози роҳи эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд буд. Ва дар солҳои 1999 ва 2003-юм ба он як қатор тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки ба гуфтаи ӯ, «хислати демократии онро таҳким бахшиданд».

Дар суханронии худ раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамоҳанг сохтани муқаррароти дигар қонунҳо бо Сарқонунро масъалаи муҳими имрӯз номид ва аз порлумон ва ҳукумат хост, ки барои аз байн бурдани ихтилофоти санадҳои қонунгузорӣ тадбир андешанд.

Сарқонуни Тоҷикистон 15 сол қабл, рӯзи 6–уми ноябри соли 1994, пас аз баргузории раъйпурсии мардуми ин кишвар қабул шудааст.
XS
SM
MD
LG