Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садои оҳангҳои Дюк Элингтон дар Душанбе


Барномаи имрӯзи «Ояндасоз-мюзик» ба яке аз созҳои мусиқӣ - пианино бахшида шудааст, ки беш аз пеш дар Тоҷикистон маъмул мешавад.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо макотиби мусиқии кишвар барои гузаронидани даври ниҳоии севвумин сабқати пианинанавозони наврас омодагӣ мегиранд. Дар ин озмун муҳасиллини коллеҷҳои мусиқии зери синни 20 ҳаққи ширкатро доранд. Бино ба маълумоти масъулини Вазорати фарҳанг барои барандаи ин сабқат ҳамчун мукофот 800 сомонӣ муайян шудааст.

Гуфта мешавад, тибқи барномаи озмун аз ширкаткунандагон иҷрои ду оҳанги маъруфи оҳангсозони тоҷик тақозо мешавад. Озмуни пианинанавозони наврас дар 4 сол як маротиба гузаронида мешавад ва ин озмун нахустин маротиба соли 1999 доир шуда буд.

Агарчӣ озмуни пинананавозони наврас истеъдодҳои навро дар навохтани ин соз муаррифӣ кунад, Ҷасур Халилов - оҳангсози тоҷик ҳамчун пианинанавози касбӣ аллакай эътироф шудааст ва ахиран ҷаз-консерти якҷояи худро бо Камерон Шариф, ҳунарманди ҷавони амрикоӣ, дар Душанбе баргузор кард.

Ҷасур мегӯяд, бо назардошти он, ки мусиқии ҷаз дар ҷомеи тоҷик шунавандаи начандон зиёд дорад, ӯ талош мекунад ин навъи оҳангро тавассути созҳои мухталиф иҷро кунад, то ин ки тадриҷан ҷаз тарафдорони худро дар Тоҷикистон пайдо кунад. Ба гуфтаи Ҷасур, ин дафъа интихоби вай рӯи пианино афтодааст.

Вай мегӯяд, «аслан навозиши пианино аз синни хурдӣ омӯхта мешавад. Вале чун ҷаз дар Тоҷикистон дарс дода намешавад, барои иҷрои чунин оҳангҳо тариқи пианино бояд мустақилона нотаҳоро омӯхту мусиқиро зиёд гӯш кард. Хулоса, аз ҳунарманд кори мустақилонаи зиёд тақозо мешавад».

Камерон Шариф, пианинанавози амрикоӣ, ки барои омӯзиши забони тоҷикӣ ба Тоҷикистон омадааст, мегӯяд, ҳамзамон дар се ҳафтаи тамрин бо Ҷасур Халилов тавонистааст то ҷое бо оҳангҳои тоҷикӣ низ ошно шавад.

Ҷасур ва Камерон мегӯянд, дар консерти якҷоя оҳангҳои бастакорони маъруфи ҷаз Дюк Элингтон, Майл Девис, Чёрчил ва ҳамчунин як оҳанги тоҷикиро низ иҷро карданд. Ҷасур ва Камерон бо гузаронидани ин консерт ва шояд боз консертҳои дигар мехоҳанд мусиқии ҷазро дар Тоҷикистон тарғиб кунанд.

Консерт барои нерӯгоҳи Роғун

Аммо бархе аз овозхонони тоҷик, мисли Парвина Шукруллоева, Зикриоллоҳ Ҳакимов, Cадриддини Наҷмиддин, Cӯҳроби Маҳмуд, Жанна Шаинян ва дигар сарояндаҳои шинохта, ки хостаанд саҳми худро дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун бигзоранд, дар консерти ташкилкардаи ширкати шабакавии Квестнет, иштирок хоҳанд кард. Консерт дар бинои Кохи Ваҳдат гузаронида мешавад ва чиптаҳои консерт барои наздики 1000 бинанда аз 50 то 70 сомон муйян шудааст.

Тоҷикистон барои эҳдоси нерӯгоҳи Роғун ду миллирад доллар кор дорад ва сохтмони ин иншоот тибқи барномаи давлатии Тоҷикистон ба як маъракаи сартосарии кишвар табдил ёфтаст.Чун аз тамоми қишрҳои ҷомеа даъват ба амал оварда шудааст, ки саҳми худро дар сохтмони ин иншооти муҳим ва азим гузоранд. Дар ин ҳамовозӣ овозхонон низ истисно нестанд. Сарояндагони тоҷик мегӯянд, ҳарчанд ду миллирад доллар маблағи кам нест, аммо онҳо ҳозиранд, саҳми худро барои сохтмони ин нерӯгоҳ аз ҳисоби баргузории барномаҳои ҳунарияшон бигзоранд.

Вобаста

XS
SM
MD
LG