Пайвандҳои дастрасӣ

Бештари нашрияҳои чопи Душанбе ин ҳафта бо нашри комили матни қонун «Дар бораи афв» ин мавзӯъ яъне афви эълоннамудаи президент Раҳмон бахшида ба 15-солагиии қабули Қонуни асосӣ ва соли гиромидошти Имоми Аъзам - бунёдгузори мазҳаби ҳанафиро мавриди баррасии густарда қарор доданд.

Аз ҷумла нашрияи «Нигоҳ» аксҳои Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Ёқуб Салимов ва Ғаффор Мирзоев - фармондеҳони пешини ҷанги дохилии кишварро дар сафҳаи аввали худ ҷо дода ва матлаберо ҳам зери унвони «Маҳбусони сиёсӣ: хоста ё воқеият» дар ду сафҳа мунташир кардаааст.

Ба навиштаи нашрия қабули қонуни афв ин бор низ баҳси раҳоии афроди зикршударо тафсонд, вале маълум шуд, ки он ба сарнавишти онҳо ҳеҷ дахле нахоҳад кард. Нашрия менависад, дар ҳоле ки мақомот вуҷуди маҳбуси сиёсӣ дар кишварро рад мекунанд, аммо таҳти қонунҳои афви борҳо қабулкарда қарор нагирифтани нафарони ёдшуда далели он аст, ки онҳо бандиёни сиёсианд.

Нашрияи «Миллат» низ акси ин се нафар - Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Ёқуб Салимов ва Ғаффор Мирзоев дар сафҳаи аввали худ мунташир карда навиштааст, ки ин нфарон ин навбат низ афв нашуданд.

Ва аммо нашрияи «Азия плюс» , ки зери унвони «10 ҳазор ба озодӣ мебароянд» матлаберо дар робита ба афви эъломшуда мунташир кардааст, аз қавли Муҳаммадшарифи Ҳимматзода, раҳбари маънавии ҲНИТ, изҳори таассуф кардаст, ки ин навбат низ қонуни афв ба размандагони пешин Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюн татбиқ намешавад.

Оқои Ҳимматзода гуфтааст, ки ӯ бисёр хурсанд шуд, ки президент ба хотири гиромидошти Имоми Аъзам як чунин амали инсонпарваронаеро анҷом дод ва ҳамчунин аз он хурсанд буд, ки дар ин қонун барои иштирокдорони муқовиматҳои дохилӣ банди махсусеро пешбинӣ кардааст, аммо таъкиди ифодае бо мазмуни ба истиснои фалону фалон модда ин корро номумкин кардааст, боиси афсӯс аст.

Ва аммо ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар арафаи интихоботи қарибулвуқуи порлумонии кишвар зери унвони «Порлумони фармонбардор, хоболудии он ба нафъи кист?» навиштаи профессор Карим Абдуловро мунташир кардааст. Ба андешаи муаллиф, дар кори интихоби вакилони Маҷлиси намояндагон мудохилаи мақомоти ҳокимияти иҷроия махсусан дар маҳалҳо ошкор мушоҳида мешавад, ки хилофи қонун аст. Аз тарафи дигар, навиштааст муаллиф, гоҳо афроде, ки аз ин ва ё он мансаб барои ҷурме сабукдӯш шудаанд, ба курсии вакилӣ ҷо мегиранд, ки ин боиси ғазаб ва нобоварии мардум ба порлумон мешавад.

Дар ин миён нашрияи «Озодагон» сӯҳбатеро бо Каромат Шарифов, раиси Ҷунбиши умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» дар Маскав, таҳти унвони «Чаро муҳоҷирон муттаҳид нестанд?» ба нашр расонидааст. Ҳамсӯҳбати нашрия гуфтааст, ки новобаста аз мудохила ва монеаҳои доираҳои муайяне аз мақомоти кишвар ӯ тасмим гирифтааст, ки ҳамаи созмон ва диаспораҳои тоҷики муқими Русияро муттаҳид намояд.

Ҳамчунин як мавзӯе дигар, ки бештари нашрияҳо ба он пардохтаанд, таҷлил аз 15-солагии рӯзи қабули Қонуни асосии кишвар аст. Қонуни асосии кишвар рӯзи 6 ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии мардумӣ қабул шуда буд. Дар ин робита «Фараж» ва ҳафтаномаи «Наҷот» - нашрияи ҲНИТ матолиб ба нашр расонидаанд.
XS
SM
MD
LG