Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои додгоҳии агентҳои амрикоӣ дар Италия


Додгоҳи шаҳри Милани Итолиё 23 корманди собиқи Хадамоти маркази кашфи Амрико ё Си-Ай-Эйро бо иттиҳоми рабудани руҳонии мусалмон ғоибона ба мӯҳлатҳои гуногун маҳкум ба зиндон кард.

Онҳо дар рабудани Мустафо Усама Наср мавсум ба Абу Умар аз Милан дар соли 2003 айбдор шуданд. Тафтишот муқаррар кард, ки кормадони Хадамоти марказии кашфи Амрико Насрро аз як хиёбони Милан рабуда, нахуст ба пойгоҳи низомии Амрико дар Италия ва баъдан ба пойгоҳи низомии амрикоӣ дар Олмон ва оқибат ба Миср интиқол доданд.

Бино ба гуфтаҳои Абу Умар, ӯро дар Миср мавриди азобу шиканҷаи ваҳшиёна қарор доданд. Баъд аз панҷ соли зиндон Наср бидуни эълони иттиҳом аз маҳбас озод шуд.

Баъди ба Кохи Сафед омадани Барак Обама ИМА ба бозрасиҳои шадиди гумонбарони терроризм аз сӯи Си-Ай-Эй хотима дод ва ҳамаи маҳбасҳои махфии ин хадамотро баст ...
Додрас гуфт, ки миёни 23 нафар амрикоиҳо 22 нафарашон корманди Хадамоти маркази кашфи Амрико буданд. Бозрасии парвандаи ин афрод бидуни ширкати онҳо баргузор шуд ва Роберт Селдон Леди - раиси вақти бахши Си-Ай-Эй дар Милан ба ҳашт соли зиндон маҳкум шуд.

Додгоҳ 22 нафари дигарро панҷсолӣ ба маҳбас маҳкум намуд. Дар ин мурофиа ду корманди хадамоти амнияти Италия низ бо иттиҳоми даст доштан дар одамрабоӣ барои сесолӣ равонаи зиндон шуданд.

Тибқи ҳукми додгоҳ, маҳкумшудагон бояд ба Абу Умар якуним миллион доллар ва ба ҳамсараш 745 ҳазор доллар ҷубронпулӣ пардохт кунанд. Хонаводаи Абу Умар моҳи август алайҳи одамрабоён ба додгоҳи ҳуқуқи башари Страсбург шикоят бурда буд.

Ин нахустин бозрасӣ дар робита ба барномаи Хадамоти марказии кашфи Амрико ё Си-Ай-Эй оид ба интиқоли гумонбарони терроризм ба кишварҳои сеюм мебошад. Ин барнома замони раёсати президенти Амрико Ҷорҷ Буш шурӯъ шуда буд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ки гумонбаршудагонро ба кишварҳои севвум барои шиканҷа интиқол медоданд.

Сухангӯи Си-Ай-Эй Ҷорҷ Литл аз изҳори назари Хадамоти марказии кашф дар робита ба ҳукми додгоҳ худдорӣ намуд. Аммо сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико Ян Келлӣ гуфт, ки ҳукуматаш аз қарори додгоҳи Милан нороҳат аст.

Вай афзуд, “додрас ҳоло ҳукми қатъӣ содир накардааст ва мо наметавонем дар мавриди ин тасмим ягон изҳори назар кунем. Бозрасӣ ба итмом нарасидааст ва эҳтимол дорад, ки онро ба додгоҳи таҷдиди назар фиристанд”.

Баъди ба Кохи сафед омадани Барак Обама ИМА ба барномаи бозрасиҳои шадиди гумонбарони терроризм аз сӯи Си-Ай-Эй хотима дод ва моҳи январ ҳамаи маҳбасҳои махфии ин хадамотро баст. Ва аммо гуфта мешавад, бо вуҷуди ин Амрико аз интиқоли бархе аз гумонбарони терроризм ба дигар кишварҳо даст накашидааст.

Харчанд мурофиа бидуни ширкати кормандони Си-Ай-Эй доир шуд, ҳомиёни ҳуқуқи башар онро ҳамчун пирӯзии муҳим истиқбол намуданд. Онҳо мегӯянд, ки бори нахустин кишвари бегона дар робита ба фаъолиятҳои ғайриқонунии Си-Ай-Эй ҳангоми боздошти гумонбарони терроризм афсарони ин ниҳоди истихборотиро ба додгоҳ мекашад. Ҳомиёни ҳуқуқи башар изҳори умедворӣ мекунанд, ки ин бозрасӣ роҳро барои бозрасиҳои баъдй ҳамвор мекунад.
XS
SM
MD
LG