Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Украина гирдиҳамоиҳо муваққатан манъ шуданд


Виктор Юшенко, раисиҷумҳури Украина, бархе аз сиёсатмадорони кишварро дар беэътиноӣ ба манофеъи мардум дар давраи хуруҷи маризии “зукоми хук” айбдор кард. Ба гуфтаи ӯ, довталабони мақоми президентӣ, аз ҷумла, Юлия Тимошенко ва Виктор Янукович дар ҳоле ҳамоиши ҷонибдоронашонро созмон доданд, ки баргузории гирдиҳамоиҳои пуриздиҳом барои сиҳати мардум хатарбор аст.
Баъд аз ин изҳороти раисиҷумҳур баргузории ҳамоишҳои пуриздиҳом дар Украина то замони аз байн рафтани таҳдиди "зукоми хук" манъ карда шуд. Мақомоти Украина хабар доданд, ки теъдоди қурбониёни маризии “зукоми хук” дар кишвар аз марзи 80 нафар убур кардааст. Ба Украина аз кишварҳои дигар доруву дармон ворид мешавад.
XS
SM
MD
LG