Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Белорус аз "зукоми хук" 7 нафар даргузаштанд


Дар Белорус расман ҳалокати 7 нафар бар асари мубталоӣ ба маризии “зукоми хук” сабт шудааст. Ба иттилоти раиси хадамоти беҳдошти кишвар Валентина Качан, то имрӯз 85 сокини Белорус ба ин беморӣ гирифтор шуда, 47 нафарашон аллакай шифо ёфтаанд. Дар ҳамин ҳол, мақомоти Украина хабар доданд, ки теъдоди қурбониёни “зукоми хук” дар кишвар аз марзи 80 нафар убур кардааст. Ба Укрина аз кишварҳои дигар доруву дармон ворид мешавад. Вазъ дар Русия, аз ҷумла, дар минтақаи Шарқи дур, низ нигаронкунанда боқӣ мемонад. Дар ҷумҳурии Бурятия бар асари хуруҷи маризӣ вазъи фавқулодда ҷорӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG