Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қотилони Меркелов ва Бабурина боздошт шудаанд?


Расонаҳои Русия дар бораи ошкор шудани қотилони вакили мудофеъ Станислав Меркелов ва хабарнигор Анастасия Бабурина иттилоъ доданд. Хабаргузории "Интерфакс" бо такя ба манобеъи худ дар мақомоти ҳифзи тартибот навиштааст, ки куштор аз сӯи аъзои собиқи созмони миллатгарои “Русское националъное единство” содир шудааст. Ин манбаъ хабар додааст, ки бо иттиҳоми даст доштан дар ин куштор ду узви собиқи ин созмон боздошт шудаанд.
Ва аммо ин иттилоъро мақомоти расмӣ таъйид накардаандт. Кумитаи тафтишоти Додситонии кулли Русия аз ташреҳи ин хабар сарпечӣ кард, вазорати умури дохилаи кишвар изҳор намуд, ки дар бораи боздошти муттаҳамон иттилоъе зери даст надорад.
Вакили мудофеъ Станислав Меркелов ва хабарнигори нашрияи “Новая газета” Анастасия Бабурина 19 январи соли равон дар маркази шаҳри Маскав ҳадафи тир қарор гирифта буданд.
XS
SM
MD
LG