Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон боз дар таъмини "Ҳизбуллоҳ" бо силоҳ айбдор шуд


Силоҳи аз сӯи маллоҳони исроилӣ дар як киштӣ дар баҳри Миёназамин ошкоршуда барои ҳамла ба Исроил пешбинӣ шуда буд. Дар ин бора сарвазири кишвар Бенямин Нетаняҳу изҳорот пахш кард. Ин киштӣ, ки зери парчами кишвари Антигуа ва Барбуда шино мекард, ахиран ба бандари Ашдоди Исроил интиқол дода шуд. Низомиёни исроилӣ хабар доданд, ки дар киштӣ теъдоди бузурги силоҳ, аз ҷумла, мушакҳоро, пайдо карданд. Мақомоти Исроил мегӯянд, ки силоҳро ба киштӣ дар Эрон бор кардаанд ва он бояд ба дасти гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон мерасид. Теҳрон ин иттиҳомро рад кардааст.
XS
SM
MD
LG