Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи Милан кормандони CIA-ро маҳкум ба зиндон кард


Додгоҳи шаҳри Милани Италия 23 собиқ корманди Хадамоти марказии кашфи Амрико ё CIA-ро бо иттиҳоми рабудани як рӯҳонии мусалмон дар ғайбашон ба мӯҳлатҳои аз 5 то 8 сол маҳкум ба зиндон кард. Ба иттилоъи додгоҳ, ин афрод соли 2003 шаҳрванди Миср Усома Мустафо Ҳасан Насрро дар Милан рабуда, ӯро ба пойгоҳҳои низомии амрикоӣ дар Италия ва Олмон ва баъдан ба Миср интиқол доданд. Ҳасан Наср мегӯяд, ки ӯ дар Миср мавриди шиканҷа қарор гирифтааст. Баъд аз панҷ соли зиндон Насрро бидуни эълони иттиҳом аз маҳбас озод карданд. Додгоҳ ҳамчунин ду корманди хадамоти кашфи Италияро барои ҳамдастӣ дар одамрабоӣ ба мӯҳлатҳои се солӣ равонаи зиндон кард.
Ин нахустин мурофиаи додгоҳӣ дар робита ба барномаи Хадамоти марказии кашфи ИМА барои интиқоли махфии гумонбарони терроризм аз тариқи марзҳои кишварҳои гуногун аст. Ян, Келлӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи ИМА, изҳор намуд, ки "ҳукми ин додгоҳ Вошингтонро нороҳат кардааст".
XS
SM
MD
LG