Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чех салафиёни қазоқро истирдод мекунад


Марғулон Муҳамбетов ҳанӯз 10-уми октябр аз Ҷумҳурии Чех ба Алмаато истирдод ва ба марзбонони қазоқ таслим шуда буд.

Аммо пайвандони ӯ мегӯянд, бо гузашти беш аз 20 рӯзи ихроҷи Марғулон аз Ҷумҳурии Чех, дар робита ба макони ҳузури вай ҳеч маълумоте рӯйи даст надоранд. Марғулон Муҳамбетов яке аз 200 гурезаи қазоқ аст, ки дар пайи таъқибҳои давомдори хадамоти махсуси Қазоқистон соли 2006-ум аз он кишвар фирор карда буд. Остона расман гуфтааст, ки ин афрод пайрави салафия ҳастанд, мазҳабе, ки дар Қазоқистон мамнӯъ эълон шудааст, гузашта аз он, ҷараёни экстемистӣ шинохта мешавад. Аммо ба иддаои худи фирориён, онҳо танҳо алоқамандони “исломи ноб” ҳастанд.

Марғулон Муҳамбетов як рӯзи пеш аз истирдодаш ба ватан аз урдугоҳи паноҳандагон, воқеъ дар Ҷумҳурии Чех бо бахши қазоқии радиои Озодӣ тамоси телефонӣ гирифта, аз тақдири минбаъдаи худ изҳори нигаронӣ карда буд. “Ман дар ин урдугоҳ 20 рӯз боз ба сар мебарам. Умед дорам, ки маро раҳо мекунанд, раводиди Ҷумҳурии Чехро медиҳанд. Вазъият дар урдугоҳ хуб нест, соат нест, барои ибодат, хондани намоз нимашабӣ мехезем. Маъмурони пулис моро дашном медиҳанд, ба сарамон дод мезананд, мегӯянд, ки чаро ба овули худ барнамегардӣ?!”

Наздикони Марғулон ва фаъолони ҳуқуқи инсон бар ин боваранд, ки М. Муҳамбетов ва чанде дигар аз онҳое, ки бо ӯ аз Ҷумҳурии Чех ба истилоҳ, депорт шудаанд, дар дасти мақомоти амниятии Қазоқистон мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Ҷумҳурии Чех аз ироаи ахбор пиромуни наҳваи истирдоди фирориёни қазоқ ва тақдири гурезаҳои дигар дар ин кишвар худдорӣ кардаанд. Мақомоти Чех гуфтаанд, ин гуна маълумот ба ҳаёти шахсӣ рабт дорад, аммо афзудаанд, ки дархостҳои довталабони мақоми “гуреза” аз Қазоқистон дар чаҳорчӯби қонунҳои амалкунандаи ин кишвар баррасӣ хоҳад шуд.

Модари Марғулон – Қалима Камиева ба бахши қазоқии радиои Озодӣ гуфтааст, ки аҳли хонавода ва пайвандони вай аз оғози кофтукоби Марғулон ҳарос доранд, чун намехоҳанд ба ҳаёти писараш садамаи бештар бирасад: “Мо танҳо аз тариқи интернет дар бораи истирдоди Марғулон аз Чех ба Алмаато хабар ёфтем. Ҳамчунин касе ба ман занг зада гуфт, ки писарат ба Алмаато депорт шудааст. Ман дақиқан медонам, ки вай ҳамин ҷост. Аммо бо ӯ тамоси мустақим надоштем. Бори охир Марғулонро 7 соли пеш дида будам. Дар ин миён мо пайвандон метарсидем, ки ӯро ҷустуҷӯ кунем, чунки мумкин буд ӯро ба маҳкама бикашанд. Мо ӯро ҳамеша интизорем, пазмонаш шудем.”

Ҳуқуқдонони қазоқ мегӯянд, маъракаи ҷустуҷӯи афроди депортшуда танҳо пас аз муроҷиати расмии пайвандонаш метавонад шурӯъ шавад. Вазорати корҳои дохилии Чех бо таъкид ба қонунгузории ин кишвар, аз ироаи ахбор ба радиои Озодӣ оид ба истирдоди Марғулон худдорӣ кард ва гуфт, “ин маълумот танҳо бо бовариномаи худи Муҳамбетов ироа хоҳад шуд”.

Мақомоти Ҷумҳурии Чех ҳамчунин гуфтаанд, азбаски Қазоқистон дар соли оянда раҳбарии Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупоро ба дӯш мегирад, ин кишвар алоқаманд нест, ки шаҳрвандонашро танҳо барои ақидаҳои диниашон равонаи зиндон кунад.

Бо ин вуҷуд, ахиран раҳбари ҳизби мухолифи ҳукумати Қазоқистон бо номи “Атамекен” Ержан Досмуҳаммадов бо пахши як баёния мақомоти Чехро дар поймолкунии ҳуқуқи фирориёни қазоқ муттаҳам кардааст. Вай аз ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва шаҳрвандони Қазоқистон даъват кардааст, ки аз ҳуқуқи ҳамватанони фирории худ дар Аврупо ҳимоят кунанд. Вай ҳамчунин аз мақомоти Қазоқистон интиқод кардааст, ки сарфи назар аз мавориди фаровони нақзи ҳуқуқи қазоқҳо дар Чех, намояндагиҳои дипломатии Қазоқистон хомӯшӣ ихтиёр кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, пас аз бенишон гардидани Марғулон Муҳамбетов, ки аз Чех ба Қазоқистон депорт шуда буд, бисёре аз фирориёни дигари қазоқ, ки дар Чех ба сар мебурданд, аз сари тарсу ваҳм аз ин кишвар ба қасди мамолики дигари Аврупо фирор кардаанд.

Аммо онҳоеро, ки дар Чех боқӣ мондаанд, хабари дигаре ба ояндаи беҳтар умедвор кардааст. Ахиран вазорати корҳои дохилаи Чех мӯҳлати баррасии дархости фирориёни мусалмони қазоқро то тобистони соли 2010-ум тамдид кард. Ин тасмим бар асоси он роҳандозӣ шудааст, ки хадамоти муҳоҷирати Чех тавони баррасии зудҳангоми ҳаҷми зиёди аснод ва номаҳои дархостиро надоштаанд. Аммо мақомоти Чех гуфтаанд, тамдиди мӯҳлати баррасӣ маънои онро надорад, ки он барои ҳалли мусбати дархостҳо таъсир мекунад.

Дар миёни беш аз 200 фирории мусалмони қазоқ дар Чех, ки ба гуфтаи мақомоти Остона, пайрави салафия ҳастанд, шумораи занону кӯдакон низ кам набудааст. Гуфта мешавад, дар Қазоқистон алайҳи чандин нафар аз ин гурезаҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, қисмате аз пайвандони фирориёни феълӣ дар зиндонҳои Қазоқистон бар сар мебаранд. Фаъолияти ҷараёни салафия дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон мамнӯъ эълом шудааст.
XS
SM
MD
LG