Пайвандҳои дастрасӣ

"Карзай бояд мақомоти фасодзадаашро боздошт кунад"


Амрико аз раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай хостааст, мақомоти давлатии олуда дар фасодро боздошт ва муҷозот кунад. Фармондеҳи ситоди муттаҳидаи артиши Амрико адмирал Майк Муллен гуфт, Амрико “шадидан нигарон”-и мизони феълии фасод дар Афғонистон аст. Муллен гуфт, Карзайро мебояд худро аз афроди фасодзада раҳо карда, чунин афродро "амалан боздошт ва муҷозот кунад." Дар ғайри сурат, ба гуфтаи адмирал Муллен, “тамоми нирӯҳои ҷаҳон ба тағйироте муваффақ нахоҳанд шуд.”
XS
SM
MD
LG