Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аксарияти занҳое, ки дар хона таваллуд мекунанд, мегӯянд, дасткӯтоҳӣ ва надоштани маблағи кофӣ ба ин амал маҷбурашон кардааст.

Холаи Насиба, ки ҳамагӣ се рӯз мешавад келинашро ба яке аз таваллудхонаҳои пойтахт овардааст, мегӯяд, танҳо барои зоиш 300 сомонӣ пардохт кардааст. Пардохтҳои ҳамарӯза барои иҷозати дидорбинӣ бо келинаш ба ин маблағ шомил нестанд. Вай гуфт: «Ҳар сари қадам мегиранд, ҳар рӯз медароям - 1 сомонӣ, мебароям - боз як 1 сомонӣ ба фаррош медиҳем»

Ин ҳолат дар зоишгоҳҳои минтақаҳои дигари Тоҷикистон низ ҷой доштааст, вале ҳаҷми маблағ тафовут дорад. Барои намуна, дар ҳоле ки занҳои Душанбе мегӯянд, дар Душанбе тақрибан дар ҳудуди 300 то 500 сомонӣ дар зоишгоҳҳо маблағ пардохт мекунанд, дар Ваҳдат, Турсунзода ва Ҳисор харҷи занҳо ҳудуди 100-150 сомониро дар бар мегирифтааст. Навбаҳор, сокини шаҳри Ваҳдат, ки ҳамагӣ ду рӯз мешавад, ки аз зоишгоҳ баромадааст, мегӯяд: «Вақти таваллуд барои карта тартиб додан 80 сомонӣ гирифтанд. Ду рӯз нигоҳ доштанд, сипас бароварданд. Вақти баромадан ба кисаҳои духтурҳо шодкома - 20 сомонӣ андохтем.»

Аксарияти занони ҳамсӯҳбати мо шикоят мекунанд, ки дар зоишгоҳҳо маводи заруриро, аз қабили дастпӯшак, плёнка, лампочкаву дорувории лозимаро бо худ мебаранд, аммо боз ҳам шароити моддии зоишгоҳҳо риққатовар аст. Навбаҳор, модари ду фарзанд, меафзояд, занон маводи доруворӣ ва ҷиҳози заруриро бо худ ба таваллудгоҳ мебаранд, вале баъди таваллуди кӯдак, ҳамин ки момодояҳо ҳаққи худро аз модарон ва хешутабори онҳо ситониданд, муносибати худро бо зани таваллудкарда дигар мекунанд. Хизмати онҳо дар толори зоишгоҳ ва бо ситонидани ҳадяҳо анҷом меёбад. Аксари занҳо бо шикоят аз шароити бади зоишгоҳҳо мегӯянд, агар дар фасли тобистон дар зоишгоҳҳо аз гармии зиёд хоб рафтан душкор бошад, дар зимистон аз сардӣ роҳи гурез нест.

Гулнора Аҳмадҷонова, мудири шӯъбаи хизматрасонии тиббии маркази репродуктивии Вазорати беҳдошти Тоҷикистон, мегӯяд, хизматрасонии тиббӣ барои модарон ҳангоми таваллуд ройгон аст. Вале, ӯ бо таассуф гуфт, момодояҳое, ки шарафмандии касбии хешро зери суол гузошта, даст ба чунин амал мезананд. Сабзина Самиева, табиб, меафзояд, имрӯз соҳаи беҳдошти Тоҷикистон ба маблағгузорӣ эҳтиёҷи бештар дорад ва зоишгоҳҳо низ истисно нестанд. Хонум Самиева ҳолатҳои талаб кардани маблағ дар зоишгоҳҳоро ин гуна тавзеҳ дод: «Ҳамин ҳозир, аз якуми октябр ташхисҳо пулакӣ шуданд, ки ин ба кисаи занон гаронӣ намеорад. Зеро ташхисҳо 1 ва 2 сомонӣ мебошанд».

Коршиносон мегӯянд, аз суқути Шӯравӣ ва ба думболи он ҷанги шаҳрвандии панҷсола дар Тоҷикистон аз ҳама бештар соҳаи беҳдоштӣ осеб дид. Бахши бузурги табибони касбӣ кишварро тарк намудаанд ва ҳоло низ бисёриҳо талош мекунанд, ки баъди хатми донишгоҳ аз Тоҷикистон берун раванд.

Сабзина Самиева афзуд, айни ҳол зоишгоҳҳои Тоҷикистон ба момодояҳои касбӣ, таҷҳизоти моддиву тиббӣ ниёз доранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки аксари модарон ҳангоми омадан ба зоишгоҳ чандин дарди табобатнашудаи дигар доранд. Ин ҳол таваллудро мушкил месозад ва ба сиҳатии модару кӯдак таъсир мегузорад. Ба гуфтаи хонум Самиева, иллати дигари фасодкорӣ дар байни момодояҳо ин аст, ки иддае аз занони сарватманд ба онҳо як миқдор маблағ медиҳанд. Ба гуфти хонум Самиева, чораи ислоҳи вазъ ин аст, ки давлат барои тамрини момодояҳо ва боло бурдани малакаи касбии онҳо маблағ ҷудо кунад ва маоши онҳоро боло бубарад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG