Пайвандҳои дастрасӣ

Душанбе "воридот"-и зукоми хукро мумкин медонад


Намояндаи масъули вазорати ҳифзи сиҳҳати Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров ба хабаргузории расмии “Ховар” гуфтааст, то кунун дар кишвар ягон мавриди сироят ба зукоми хук сабт нашудааст, вале онҳо ба далели муҳоҷирати зиёд эҳтимоли аз хориҷ овардани вируси ин навъи кушандаи зукомро баъид намедонанд. Оқои Ҷаъфаров гуфт, давлати Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши ин беморӣ як барномаи миллии амал қабул кардааст, ки аз 1 октябри соли равон дар маърази иҷро қарор гирифтааст. Намояндаи вазорати тандурустӣ афзуд, ба Тоҷикистон то ҳол воксини зидди зукоми хук наовардаанд, вале музокирот дар ин бора бо созмонҳои байналмилалии кӯмакрасон идома доштааст.
XS
SM
MD
LG