Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зукоми хук ба дунё ҳамла мекунад


Аз Украина то Афғонистон мардум аз гирифторӣ ба зукоми хук ҳарос доранд. Дар ҳамин ҳол то кунун возеҳ нашудааст, ки аз миёни мардуми зукомзада кадоме аз онҳо мубталои зукоми хук ҳастанду, кӣ гирифтори зукоми маъмулӣ? Ҳамзамон ошкор нашудааст, ки хавфи сар задани пандемия, яъне сирояти саросарии зукоми хук асосе дорад ё не?

Хавфи сирояти зукоми хук ҳукуматҳои олам аз Украина то Афғонистонро нигарон кардааст. Аммо наметавон гуфт, ки дар байни мардум мубталои зуком чанд нафар гирифтори зукоми маъмулӣ асту, чанд каси дигар гирифтори зукоми хук. Нишонии ҳар ду навъи зуком тақрибан як аст. Бар илова, баъзе табибон аз сабаби надоштани таҷрибаи кофӣ ва таҷҳизоти зарурӣ ба ташхиси навъи зуком қодир нестанд.

Бар пояи гузоришҳои расида, дар Украина то 70 нафар аз зукоми хук ба ҳалокат расидаанд. Ба хусус, вилояти Лвов аз сирояти зукоми хук ё худ зукоми навъи H1N1 азият мекашад. Ба қавли Вазорати беҳдошти Украина, то 2-уми ноябр беш аз 255 ҳазор сокини ин кишвар ва аз ҷумла 83 ҳазор кӯдак барои муолиҷа аз зуком муроҷиат карда буданд.

Ҳукумати Украина ба хотири ҷилавгирӣ аз тавсеаи зуком мактабҳои миёнаро ба таътили сеҳафтаина фиристода, аз мардуми ин кишвар даъват кард, ки оромиро ҳифз кунанд. Ҳамчунин, дар ин муддат мақомоти украинӣ ҷамъомадҳои мардумиро манъ кардаанд.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт гуфт, то ҳанӯз наметавон гуфт, ки Украина бо сирояти васеъмиқёси зукоми хук мувоҷеҳ шудааст, вале бо дархости ҳукумати ин кишвар гурӯҳи мутахассисони беҳдоштӣ барои кумак ба ин кишвар сафарбар шуданд. Мудири бахши украинии Радиои Озодӣ хонум Ирена Халупа аз шаҳри Киев мегӯяд, кишвар бо камбуди таҷрибаву таҷҳизоти ташхиси зукоми хук рӯ ба рӯ мебошад:
"Вазъият иштибоҳбарангез ва фавқулода душвор аст. Аввалан, Украина имконоти ташхиси беморӣ заиф дорад, ки бар пояи он наметавон гуфт, ки нафаре ба ҳалокат расидаааст гирифтори зукоми маъмулӣ буд ва ё зуокми хук? Аз ин рӯ, онҳо намунаҳоро ба Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба Лондон мефиристанду созмони номбурда зукоми хукро тасдиқ ва ё рад мекунад. Ҳафтаи гузашта, як ҳодисаи марг аз зукоми хук тасдиқ шуд ва ҳоло дар бораи 11 ҳодисаи шабеҳи он сӯҳбат зиёд аст."

Хонум Халупа хотирнишон мекунад, ки Украина тақрибан ҳар сол бо сирояти зуком мувоҷеҳ шуда, тавассути карантин аз тавсеаи он ҷилавгирӣ менамояд. Дар минтақаи Шарқи дури Русия мақомот дастур додаанд, ки мардумро бидуни ниқоб ба толорҳои театру кино роҳ надиҳанд.

Дар кишварҳои нимҷазираи Балкан ҳам нигаронӣ аз эҳтимоли тавсеаи зукоми хук зиёд ба чашм мехӯрад. Мақомоти серб таътили тирамоҳии мактаббачаҳоро тамдид намуданд, то шумори гирифторони зукоми хук афзоиш наёбад. То кунун дар Сербия 169 ҳодисаи гирифторӣ ва марги ду нафар аз зукоми хук тасдиқ шудааст.

Хабаргузории Теҳри Эрон аз нақли Муҳаммадризо Ризоӣ Кӯчӣ сухангӯи комиссияи беҳдошти парламенти Ҷумҳурии Исломӣ иттилоъ медиҳад, ки ангезаи зукоми хук ё худ вируси H1N1 дар ҷисми камаш 3000 сокини ин кишвар ташхис шудааст. Кӯчӣ афзудааст, ки ин беморӣ ҳаёти 28 нафарро аз байн бурд.

Афғонистон бошад, вазъи фавқулода эълон намуда, тамоми ниҳодҳои низоми маорифи ин кишварро ба муддати се ҳафта ба таътил фиристод. Вазири беҳдошти Афғонистон Саид Муҳаммад Фотимӣ мегӯяд, ки дар ин кишвар 700 ҳодисаи сирояти зукоми хук тасдиқ шудааст, ки аз ин байн 273 бемор сарбозони хориҷии мустақар дар Афғонистон ҳастанд. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ вазири афғон гуфт:
"Мо тамоми фанновариҳои муосир ва ҷиҳози лабораторӣ барои ташхис ва инзивои вируси N1H1-ро дар ихтиёр дорем. Мо аз ҳукумати ИМА, ки ин таҷҳизотро ба мо тақдим кардааст, миннатдорем. Ин ташхисгоҳ дар пойтахт ҷойгир аст."

Сар аз моҳи июл аз аз замоне, ки хавфи сирояти саросарии зукоми хук авҷ гирифтааст, ҳукумати Афғонистон тариқи воситаҳои ахбори умум ва маъракаҳои мухталиф мардумро ба муназзам шустани дасту рӯй ва дигар чорабиниҳои беҳдоштии эҳтиётӣ даъват мекунад.
XS
SM
MD
LG