Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Олмон аз тасмими General Motors


Вазири иқтисоди Олмон тасмими ширкати амрикоии General Motors -ро “комилан ғайриқобилиқабул” номида, ба боди интиқод кашид. Ин ширкат ахиран тасмим гирифт, бахши аврупоияш – Opel -ро нафурӯшад. Раҳнер Брюдерле ҳамчунин тааҳҳуд супурд, ки Олмон 1,5 миллиард евро сармояи ваъдагиаш ба Opel -ро пас хоҳад гирифт. Ин кӯмак ба хотири ҳифзи Opel то замони ба ширкати канадоии Magna фурӯхта шудани ин ширкат буд. Коргарони корхонаҳои Opel ба нишони эътироз ба қарори General Motors хостори як корпартоии билофосила шудаанд.
XS
SM
MD
LG