Пайвандҳои дастрасӣ

Як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон тасмим доранд, маблағи аз як консерти муштарак ба даст овардаи худро ба ҳисоби сохтмони нерӯгоҳи Роғун бирезанд. Ин консерт 15-уми моҳи ҷорӣ дар Кохи Ваҳдат бо иштироки Таҳмина Ниёзова, Зикриаллоҳ Ҳакимов, Жанна Шаинян ва ҳунармандони дигари шинохта баргузор хоҳад шуд. Баҳром Ғафурӣ, овозхони шинохтаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, саҳм гузоштан дар эҳдоси нерӯгоҳи Роғунро вазифаи шаҳрвандии худ медонад.

Шуморе аз тоҷирони дохиливу хориҷии тоҷик низ омодагӣ изҳор кардаанд, то дар ин сохтмон саҳм бигиранд. Ин ҳама ибтикорот дар пуштибонӣ аз сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар замоне дубора матраҳ шуд, ки ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон аз ин нерӯгоҳ дидан кард. Ва сар аз моҳи ҷорӣ корҳои баста шудани маҷрои дарёи Вахш оғоз шудааст. Анвар Латифов, раиси котиботи Вазорати рушди иқтисодӣ ва савдои Тоҷикистон гуфт, вазорат бо дастури ҳукумати Тоҷикистон ба тарҳрезии механизми дарёфти ёриҳо аз мардум ва корхонаҳо машғул аст.

Норӯшанӣ дар механизми ироаи ёриҳо дар ҳолест, ки бархе аз вазорату идораҳо интиқоли маблағ аз моҳонаи кормандон ба ҳисоби сохтмони Роғунро шурӯъ кардаанд. Барои мисол, Мирзоаҳмад Абдуллоев, корманди раёсати идораи автомобилии Вазорати нақлиёт ва алоқаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳуқуқи моҳонаи коргарони ин раёсат ба ҳисоби сохтмони Роғун интиқол дода шудааст.

Иқтисоддон Холмаҳмад Азимов дар як китобаш пешниҳоде ҷиҳати механизми ироаи ёриҳои мардум ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун кардааст. Ба эътиқоди ҷаноби Азимов, давлат бояд саҳмия чоп кунад ва ин саҳмияҳоро, ки қиммати ҳар кадом 103 долларро ташкил хоҳад дод, ба мардум бифурӯшад. Маблағи аз фурӯши саҳмияҳо ба дастомада бояд дар як бонк ҷамъоварӣ бишавад. Пас аз гузашти вақт саҳмиядорон тавонанд, ки саҳмияҳои худро ба давлат бируфӯшанд ва ё дар ивазаш нерӯи барқ бигиранд. Холмаҳмад Азимов мутмаин аст, ки дар ин сурат метавон дар 10 сол нерӯгоҳро бунёд кард.

Тоҷикистон барои иҷрои барномаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба беш аз 2 миллиард доллар ниёз дорад. Давлати Тоҷикистон тасмим дорад, то дар иҷрои барномаи эҳдоси дарғот ё платина ва ба кор андохтани нахустин агрегат ё чархаи тавлиди нерӯи барқи Роғунро аз ҳисоби моҳона ва ёриҳои мардум роҳандозӣ кунад. Вале бархе аз коршиносон ба иҷрои ин барнома, ки тавонад мавриди эътимоди мардум бошад, ва мардум довталабона саҳм гузоранд, баъид медонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG