Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 2 зан бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ҲИУ


Мақомоти умури дохилаи вилояти Суғд мегӯянд, ду зани сокини ноҳияи Исфараро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) боздошт кардаанд. Боздошти ин ду зан дар иртикоби парвандаи Абдуҷамил Аҳмадов, ки низ ба наздикӣ бо айни иттиҳом боздошт шуда буд, сурат гирифтааст. Боздоштшудагон яке модари Аҳмадов буда, дуввумӣ, ба гуфтаи мақомот, дар пинҳон кардани ӯ мусоидат кардааст.
Орифҷон Умаров, додситони Исфара гуфт, тафтиши парвандаи ин ду занро додситонии вилояти Суғд анҷом медиҳад.
Мақомот мегӯянд, сокини 50-солаи ҷамоати Кӯлканд Ҳанифахон Аҳмадова ба ҳифзи ғайриқонунии як норинҷак низ муттаҳам мешавад.
XS
SM
MD
LG