Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон: "Амрико шаҳраксозии Исроилро намепазирад"


Вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон имрӯз дар пайи мулоқоташ бо раисиҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак дар Қоҳира гуфт, Амрико машрӯъияти шаҳраксозиҳои Исроил дар сарзаминҳои фаластинии каронаи бохтарии рӯди Урдунро қабул надорад ва мехоҳад, эҳдоси ин манозил “барои ҳамеша” қатъ шавад. Клинтон ҳамчунин гуфт, музокироти сулҳи Ховари Миёна бояд баҳси сарнавишти шаҳри Байтулмуқаддасро низ фаро бигирад. Қоҳира охирин нуқтаи силсиласафари хонум Клинтон ба минтақа буд. Боздид аз Қоҳира ба дунболи изҳороти қаблии ӯ сурат мегирад, ки дар ҷаҳони Араб нигарониҳо пиромуни эҳтимоли аз мавзеъгириаш дар қиболи масъалаи шаҳраксозиҳои Исроил ақиб нишастани Амрикоро ба бор оварда буд.
XS
SM
MD
LG