Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сардори дидбонгоҳи марзӣ дар маҳалли Шаймоқи ноҳияи Мурғоб бо нишонаҳо зарб хӯрдани косахонаи сараш дар бемористони ҳарбӣ бистарӣ шудааст.

Афсари масъули қисми марзбонии Мурғоб Аюбҷон Маҳмадов гуфт, ки сардори дидбонгоҳ Зубайд Тағоев бар асари як бархурд байни сокинони маҳаллӣ ва марзбонон ҷароҳат бардоштааст.

Ба иттилои манбаъҳо, дар ноҳияи Мурғоб муноқиша бар асари норизоияти сокинон маҳаллӣ аз амали марзбонон дар мавриди гузаронидани тафтишоти ғайриқонунӣ дар хаймаҳои зист ба вуқӯъ омадааст.

Додситонӣ нисбати чанд тан аз сокинони маҳаллӣ ба далели нигоҳдории ғайриқонунии силоҳи оташфишон ва нисбати афсари марзбон ҷиҳати риоя накардани меъёрҳо парвандаи ҷиноӣ боз кардааст ...
Аммо муовини додситони ҳарбии гарнизони Хоруғ Хуршед Мустафоқулов изҳор дошт, ки амалҳои ғайриқонунии ҳар ду тараф ба вуқуи ин ҳодиса сабаб шудааст. Вай гуфт, ки алҳол додситонӣ нисбати чанд тан аз сокинони маҳаллӣ ба далели нигоҳдории ғайриқонунии силоҳи оташфишон ва нисбати афсари марзбон ҷиҳати риоят накардани меъёрҳо парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Муовини додситон дар бораи ҳодиса накл кард, ки қаблан бо дарёфти маълумоти фаврӣ дар мавриди нигоҳдории ғайриқонунии силоҳи оташфишон як афсар ва сарбозони марзбон дар чанд манзили истиқоматии маҳаллӣ кофтукоб гузаронида шаш мил силоҳи тамғаи ТОЗ-8-ро мусодира карданд.

Вай гуфт, ҳангоми бозгашт бо сабаби дурии роҳ то дидбонгоҳ афсар ва сарбозон ба манзури шабгузаронӣ ба хаймаи яке аз сокинони маҳаллӣ даромадаанд, аммо дар он ҷо аз ҷониби гурӯҳи дигари сокинон мавриди латтукӯб қарор гирифтанд.

Маҳалли Шаймоқ дар марз бо Афғонистону Чин ҷойгир буда, дар ҷамоати деҳоти ин ҷо наздик ба 1000 нафар сокинон зиндагӣ мекунанд ва шуғли асосии онҳо чорводорӣ мебошад.

Ба иттилои масъулини «Тоҷиктелеком», маҳалли Шаймоқ ягона нуқтаи дурдасттарини ноҳияи Мурғоб боқӣ мемонад, ки то ба ҳол хати алоқаи телефонӣ ба он ҷо васл карда нашудааст. Дар ин минтақа танҳо як дастгоҳи мухобиротӣ мавҷуд будааст, ки тавассути он барои ситоди ҳолатҳои изтирорӣ дар ҳолатҳои зарурӣ иттилоъ фиристода мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG