Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омори зиддунақиз дар бораи таҳвили пули муҳоҷирин


Таҳвили пули муҳоҷирин аз хориҷ ба вилояти Суғд имсол 32,4 дарсад ваё ба маблағи 216,5 миллион доллар коҳиш ёфтааст. Бахши Бонки миллии Тоҷикистон дар Хуҷанд гуфтааст, тайи 10 моҳи соли равон тавассути бонкҳои тиҷоратӣ ба вилояти Суғд аз хориҷ 452,1 миллион доллар таҳвил додаанд.
Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда 668,6 миллион долларро ташкил медод.
Ин дар ҳолест, ки як ширкати умдаи махсуси таҳвили пул дар бораи афзоиши ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон хабар додаанд. “Контакт” мегӯяд, ҳаҷми таҳвили пул ба Тоҷикистон тавассути ин ширкат имсол 53 фоиз афзудааст.
XS
SM
MD
LG