Пайвандҳои дастрасӣ

Тавлидоти саноатии Тоҷикистон 10 фоиз кам шудааст


Тавлидоти саноатии Тоҷикистон тайи 9 моҳи аввали соли равон 10 дарсад коҳиш ёфтааст. Кумитаи омори кишварҳои муштаракулманофеъ мегӯяд, дар маҷмӯъ рушди саноат дар ин паҳно 14 дарсад пойин рафтааст. Имсол аз бӯҳрон бештар аз ҳама корхонаҳои саноатии Украинаву Молдова осеб дидаанд. Коҳиши тавлидоти саноатӣ дар Украина 28,4 ва дар Молдова 24,3 дарсадро ташкил додааст.
Бино бар шумориши ин ниҳоди оморӣ, маҷмӯъи маҳсулоти дохилии кишварҳои муштаракулманофеъ имсол 9 дарсад коҳиш ёфта, вале дар Тоҷикистон тайи 9 моҳи аввали сол ин нишондиҳанда 2,7 дарсад боло рафтааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG