Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо норинҷак боздошт шудани зани 50-сола дар Исфара


Мақомоти умури дохилаи вилояти Суғд мегӯянд, дар ҳудуди ноҳияи Исфара сокини 50-солаи ҷамоати Кӯлкант Ҳанифахон Аҳмадоваро бо ититҳоми нигаҳдории як норинҷак дар ҳудуди кооперативи “Навгилем” боздошт кардаанд.
Мақомот мегӯянд, норинҷаки кашфшуда ба парвандаҳои марбут ба тарафдорони Ҳаракати исломии Узбакистон дар ин минтақа, аз ҷумла ба парвандаҳои Абдураҳим Умаров, мулаққаб ба “Махсум” ва Абдухолиқ Бобоев, мулаққаб ба “Илҳомбек” рабт мегирад. Он ҳарду ба ҳамкорӣ бо ҲИУ муттаҳам шуда, феълан таҳти таъқиб қарор доранд.
XS
SM
MD
LG