Пайвандҳои дастрасӣ

Тибқи хабарҳо, пулиси Эрон дар хиёбонҳои Теҳрон бо тарафдорони раҳбарони мухолифон Мирҳусайни Мӯсавӣ ва Маҳдии Каррубӣ вориди даргириҳо шудаанд.

Тарафдорони мухолифин дар рӯзе ба кӯчаву хиёбонҳои Теҳрон рехтанд, ки дар Эрон солгарди 30-юми ҳамла ба сафорати Амрикоро таҷлил мекунанд. Дар рӯбарӯи бинои собиқи сафорати Амрико тарафдорони давлат гирди ҳам омаданд.

Таниши байни давлат ва мухолифон дар Эрон аз замони барандаи интихоботи ахир эълон шудани Аҳмадинажод идома дорад. Мухолифон бар ин боваранд, ки пирӯзии ӯ дар натиҷаи тақаллуб ба даст омадааст. Мақомот он ҳама эътирозҳои густурдаро, ки аз бузургтарин бӯҳрони сиёсӣ аз замони инқилоби исломии соли 1979 дар Эрон аломат медод, бо истифода аз зӯр фурӯ нишонданд.

Эътирозҳои рӯзи 4-уми ноябр низ истисно набуд. Шоҳидон мегӯянд, нирӯҳои пулис ба хотири пароканда кардани тазоҳургароне, ки аз ҷумла “Марг ба диктатор!” гуфта, шиор мезаданд, аз гази ашковар истифода бурдааст.

Маҳдии Каррубӣ, яке аз номзадҳои шикастхӯрдаи мухолифин дар интихоботи 12 июн, низ дар байни тазоҳургарон будааст. Каррубӣ мехост, худро ба майдони Ҳафти Тир бирасонад, вале нирӯҳои амниятӣ ӯро аз роҳ манъ карданд. Муҳаммадтағии Каррубӣ, фарзанди Маҳдии Каррубӣ, ба Радиои Фардо гуфт, ду тан аз муҳофизон ва шуморе аз тарафдорони падараш ҷароҳат бардоштаанд. Муҳаммадтағии Каррубӣ афзуд, мақомот ба падараш машварат дода буданд, ки дар тазоҳурот ширкат наварзад, чунки ба гуфтаи онҳо, мухолифони низом шояд даст ба ҳамлаҳои маргталабона низ бизананд. Аммо ба гуфтаи ӯ, ситоди Маҳдии Каррубӣ ин фарзияро, ки шояд нирӯҳои давлатӣ худ бо роҳандозии ягон “амали террор” даст ба истифодаи зӯр алайҳи атрофиёни ин раҳбари мухолифин бизананд, дур аз эҳтимол намедонист.

Бино ба хабарҳои расида, ҷонибдорони мухолифин дар тангкӯчаву паскӯчаҳо бо шиорҳое, чун “Ё Ҳусейн, Мирҳусейн!” ба нишони пуштибонӣ аз раҳбари дигари худ Мирҳусейн Мӯсавӣ раҳпаймоиҳои хурде барпо кардаанд. Мӯсавӣ, ки дар интихоботи 12 июн дар мақоми дуввум буд, аз тарафдоронаш хоста буд, эътирози худ ба натоиҷи он раъйгириро идома диҳанд. Бисёриҳо ба нишони ҳимоят аз Ҷунбиши сабзе, ки дар пайи интихобот ба вуҷуд омад, шиори “Оллоҳу Акбар” мезаданд.

Дар ҳамин ҳол, ҳазорон нафар аз тарафдорони давлат бо шиорҳои зиддиамрикоӣ дар наздикии бинои собиқи сафорати Амрико дар Теҳрон, ки мақомоти Эрон “лонаи ҷосусон” ба қаламаш медиҳанд, ташкили роҳпаймоӣ карданд. Дар қисмати дигари Теҳрон эътирозгарони мухолиф алайҳи Русия шиор мезаданд, ки чаро аз интихоби дубораи Маҳмуди Аҳмадинажод пуштибонӣ кардааст? Бисёре аз тарафдорони мухолифин ҳамин тавр аз раисҷумҳури Амрико Барак Обама даъват мекарданд, ки дар ин моҷаро сароҳатан аз онҳо пуштибонӣ кунад.

Мухолифини Эрон бори охир дар моҳи сентябр дар ҷараёни таҷлил аз Рӯзи Қудс дар Теҳрон ва ҳамин тавр дар шаҳрҳое, чун Шерозу Рашт ба хиёбонҳо рехта буданд. Тайи ҳафтаҳои охир силсилаи эътирозҳо дар донишгоҳҳои Теҳрону Аҳвозу Мозандарон ва шаҳрҳои дигари Эрон низ мушоҳида шуда ва имрӯз, бино ба хабарҳо, як эътирози дигар дар хобгоҳи Донишгоҳи Шероз низ сурат гирифтааст.

Рӯзи 4-уми ноябр дар Эрон солгарди 30-юми ҳамла ба сафорати Амрико буд. Рӯзи 4-уми ноябри соли 1979 як гурӯҳи донишҷӯёни тундрав ба бинои Сафорати Амрико дар Теҳрон ҳамла оварда, ба нишони эътироз аз Вашингтон, ки аз истирдоди шоҳи дар пайи инқилоби исломӣ барканоршудаи Эрон Муҳаммадризо Паҳлавӣ сар печид, 52 корманди сафоратро гаравгон гирифтанд. Ин гаравгонҳо фақат баъд аз 444 рӯзи асорат, дар соли 1981 тавонистанд аз банд раҳо шаванд.
XS
SM
MD
LG