Пайвандҳои дастрасӣ

Биноба маълумоти идораи корҳои дохилаи Суғд, ахиран гурӯҳи вижаи тафтишотии мақомоти интизомӣ ва додситонии вилоят ду зани сокини ноҳияи Исфараро ба гумони ҳамдастӣ бо аъзои гурӯҳи ҲИУ (Ҳаракати исломии Узбакистон) боздошт карданд.

Биноба маълумоти идораи корҳои дохилаи Суғд, ахиран гурӯҳи вижаи тафтишотии мақомоти интизомӣ ва додситонии вилоят ду зани сокини ноҳияи Исфараро ба гумони ҳамдастӣ бо аъзои гурӯҳи ҲИУ (Ҳаракати исломии Узбакистон) боздошт карданд.

Яке аз боздоштшудаҳо – Ҳанифахон Аҳмадова сокини ҷамоати Кулканди ноҳияи Исфара мебошад, ки ба қарибӣ фарзандаш – Абдуҷамил Аҳмадов бо иттиҳоми фаъолият дар гурӯҳи ҲИУ дастгир карда шуда буд ва зани дуюми боздоштшуда аз маҳали мазкур - Обидахон Қудратова барои дар манзили худ муддате пинҳон доштани Абдуҷамил Аҳмадов ва шарикони ӯ мавриди боздошт қарор гирифтааст.

Дар гузориши расмии идораи корҳои дохилӣ омадааст, мақомоти тафтишотӣ як дона норинҷаки F–1, ки Ҳанифахон Аҳмадова пинҳон медошт, кашф кардаанд. Тафтишот он норинҷакро ба ду нафар аъзои таҳти пайгарди ҲИУ мутааллиқ донистаааст. Ҳамчунин гурӯҳи тафтишотӣ аз манзили Обидахон Қудратова чанд адад адабиёти дорои мазмуни тундгароӣ, аз ҷумла бо номҳои «Ҳиҷрат» ва «Ҷиҳод», дарёфт ва мусодира кардаанд.

Орифҷон Умаров, додситони шаҳри Исфара ба радиои Озодӣ гуфт, тафтиши парвандаи ин ду занро додситонии вилоятӣ пеш мебарад. Ба гуфтаи мақомоти идораи корҳои дохилаи Суғд, алайҳи Ҳанифахон Аҳмадова бо айбҳои ҳамдастӣ барои содири ҷиноят, иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ ва нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ, ва нисбат ба Обидахон Қудратова бо банди иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ аз рӯи бандҳои асноди ҷиноии Тоҷикистон иттиҳомот пешниҳод шудааст.

Ёдовар мешавам, Абдуҷамил Аҳмадов - фарзанди Ҳанифахон Аҳмадоваро кормандони интизомӣ дар рӯзи 18–уми октябр дастгир карданд. Рӯзе, ки нерӯҳои давлатӣ бо як гурӯҳи мансуб ба ҲИУ дар шаҳри Исфара вориди даргириҳо шуда, чаҳор нафари аъзои онро ба ҳалокат расониданд.

Амруллоҳ Шаҳобиддинов, сарвари мактаби таҳсилоти ҳамагонии ҷамоати Кулканди ноҳияи Исфара, дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, дар ҳаққи Ҳанифахон Аҳмадова ва шавҳари ӯ ва Обидахон Қудратова ҳарфи баде гуфта наметавонад, эҳтимол, онҳо аз пайи ҳифзи фарзанд ба амали хатое даст зада бошанд.

Аз оқои Шаҳобиддинов пурсидам, ки ба назари вай, касоне мисли Абдуҷамил Аҳмадови 27-соларо чӣ барои пайвастан ба созмонҳои террористии ҲИУ водор кардааст? Вай гуфт, «ҷавонии онҳо ба айни давраи сахтиву вазнинии Тоҷикистон ва танқисиҳо рост омад. Инҳо саррофӣ ва бо пул кор мекарданд. Аз пайи пул, мумкин, фирефта шуда ба ин гуна ташкилотҳо ҳамроҳ шуда бошанд».

Ин барои бори дуюм аст, ки занони Исфара бо иттиҳоми ҳамроҳӣ бо аъзои ҲИУ мавриди боздошт қарор мегиранд. Дар поёни соли 2007 додгоҳи вилояти Суғд се зани дигари сокини ин маҳалро дар як гурӯҳи 14 нафарӣ бо ҷурмҳои кӯмак ба роҳандозии фаъолияти террористӣ, убури ғайриқонунии марз ва таълими мазҳабии атфол бо аҳдофи тундгароёна гунаҳкор ва даҳ ва ёздаҳ соли ҳабс таъин, вале бо татбиқи Қонуни афви Тоҷикистон аз толори мурофиа озод карда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG