Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сирри издивоҷҳои муваффақ


Таҳқиқоти нав муайян кардааст, ки сирри издивоҷи муваффақ барои мардон ин интихоби ҳамсаре мебошад, ки аз ӯ ҳадди аққал панҷ сол ҷавонтар бошад.

Маҷаллаи таҳқиқоти амалии Аврупо бо зикри ин матлаб мегӯяд, ки дар баробари ҷавонӣ аммо ҳамсар бояд каме боҳуштару огоҳтар аз шавҳараш бошад, то ки тавонад зиндагии муштаракро ба таври моҳирона бичархонад.

Таҳқиқоти мазкур, ки бар асоси омӯзишу арзёбии зиндагии 1500 ҷуфт анҷом шудааст, ҳокист, ки баъди панҷ соли аввали ҳамзистии онҳо, ки ҳамчун муҳимтарин марҳилаи одату ба ҳам унсгирии зану шавҳар маҳсуб мешавад, ҳазор ҷуфт аз ин гурӯҳ ҳамоно хушбахтиву ризоияти худро аз зиндагӣ баён кардаанд.

Дар бораи сирру асрори издивоҷҳои хушбахт то ҳол ҳарфу назарияи зиёд садо додаву ҳар донишманду муҳаққиқ талош кардааст дурустии фарзияи худро собит кунад. Яке мегӯяд: масъала дар ҳамоиши муносиби фарҳангу зеҳният ва ҷаҳонбинии зану шавҳар аст, ки дар ин сурат на мазҳаб, на миллат ва на синни ин ду монеи пайдо кардани забони муштарак дар миёнашон намешавад.

Дигарҳо баръакс мӯътақиданд, ки умумияти расму суннатҳо ва арзишҳои миллӣ барои бунёди оилаи муваффақ мусоидат мекунад. Гурӯҳи сеюм шояд бо радди ин ҳама андешаҳо бигӯяд, ки дар эҷоди оилаву дарозумрии равобити миёни ҳамсарон пеш аз ҳама вазъи муносиби моливу иқтисодӣ муҳим аст, чунки дар миёни зану мард ҳеҷ гоҳ масъалаи нобаробариву камбинӣ нахоҳад шуд.

Роҳи хуби интихоби ҳамсар

Ҳоло тасаввур кунед, ки ҳамаи ин андешаҳо дуруст аст. Ва омӯзише, ки донишмандони Маҷаллаи таҳқиқоти амалии Аврупо (European Journal of operational research) анҷом додаанд, на ба хотири инкори ин ҳама назарияҳову исботи дурустии мавқеи худ, балки ба хотири нишон додани роҳи дигари хуби интихоби ҳамсар карда шудааст.

Умри оилаи ҷуфти соҳибмаълумот назар ба зану шавҳари бесавод ду баробар дарозтар будааст ...
Донишмандони ин созмон мегӯянд, ки бар асоси ҳисобҳои математикӣ ва омӯзиши таҷрибаи зиндагии якуним ҳазор ҷуфти ҳамсарон ба чунин натиҷа расидаанд, ки мард бояд ҳадди аққал панҷ сол аз занаш бузургтар ва ҳамсараш ҳам дар навбати худ аз шавҳар каме донишмандтару огоҳтар бошад. Ҳисобҳои математикӣ мегӯяд, ки дар сурати иҷро шудани ин формула, шонси пойдории хонавода шаш баробар бештар мешудааст.

Хулосаи дигар: умри оилаи ҷуфти соҳибмаълумот назар ба зану шавҳари бесавод ду баробар дарозтар будааст. Мизони саводнокии занон чунон муҳим будааст, ки дар сурати як сару гардан баландтар аз шавҳар будани ҳамсар ин оила ҳашт баробар бештар шонси ҳифзу нигаҳдории равобити хонаводаиро доштааст.

Шояд касе бо шунидани ин ҳама зарбу тарҳу ҷамъу тақсимҳо бигӯяд ин формула ба шароити маишии мардуми Тоҷикистон мувофиқат намекунад. Шояд, чунки дар ин кишвари суннатӣ меъёрҳои оиладорӣ аз рӯи принсипҳои дигар ҳисоб мешаванд.

Тавозуни синну сол дар оиладорӣ

Равоншинос Ҷамила Зокирова, ки дар як маркази боварии Душанбе кор мекунад, мегӯяд, қисман бо хулосаи ҳамтоёни аврупоияш розӣ шуда метавонад ва ӯ формулаи худро дар ин замина чунин шарҳ дод, ки “аз рӯи қоидаи табиат тараққиёти ҷисмонӣ дар мардҳо дертар асту дар занҳо пештар аст. Маънавиёт дар писарҳо тезтар тараққӣ мекунаду дар духтарҳо дертар. Собит шудааст, ки ҳаёти инсон ба ҳафт давра ҷудо шудааст. Ҳар давра ҳафт солро дар бар мегирад. Давраи ҳафтсола 49 соли умри одамро дар бар мегирад. Барои ҳамин одам бояд дар ин муддат ҳар чиро ки омӯхт, ба дигарон бидиҳад”.

Аз рӯи ҳисобҳо мавқеи зану шавҳар метавонад дар он сурат "баробар" шавад, ки тафовути воқеии синну соли онҳо ҳафт солро ташкил кунад, яъне дар ин сурат чинни маънавии зан бо ҳолати ҷисмонии мард ба ҳам мувофиқ меояд ...
Ӯ мегӯяд, аз рӯи ин ҳисобҳо мавқеи зану шавҳар метавонад дар он сурат “баробар” шавад, ки тафовути воқеии синну соли онҳо ҳафт солро ташкил кунад, яъне дар ин сурат синни маънавии зан бо ҳолати ҷисмонии мард ба ҳам комилан мувофиқ омада, дар миёни онҳо тавозуни пурра ҳосил мешавад. Ба ин андеша як зани тоҷик ҳам розӣ аст, ки мегӯяд, шавҳараш аз ӯ се сол бузургтар буда дар назараш “хурд”-тар аз синни падари хонадоне менамояд, ки бояд соҳиби донишу малака, таҷрибаи зиндагӣ ва иззату эҳтироми зарурӣ аст.

Хонум Гулбаҳори 50-сола мегӯяд, “мард бояд панҷ-шаш сол калон бошад, вазъияти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маълумоташ калонтар бошад, хубтар аст. Зан хурдтар бошад, бояд эҳтиром кунад, агар баробар бошад, шояд эҳтиром нашавад байни якдигар”.

Бикамол Арбобова, як сокини дигари Душанбе, ки 39 сол дошта аз шавҳараш ҷудо шудааст, мегӯяд, бо вуҷуди тафовути 16-сола дар миёни ӯву ҳамсари пешинааш масъала дар сол неву дар набуди ҳамдигарфаҳмӣ буд, ки оилаи онҳо аз ҳам пошида шуд.

Вай меафзояд, “ман фикр кардам, ки фаҳмишаш нағзтар аст, лекин вай маро нафаҳмид. Нотинҷӣ аз рӯи нофаҳмиҳои вай кас шуд. Масалан, аз дари хона, ки даромаданӣ мешудам, мегуфт, ки “ба шумо гап задан иҷоза нест. Ман бо ин кори шумо розӣ нестам. Ба хонаи модарат рафтан бояд манъ шавад”. Гоҳе мегуфт, ки “ба кор баро, гоҳе мегуфт, ки кор накун”. Ҳамаи орзуву ҳавасҳоям дар паҳлӯям монд”.

Эҳтиром – гарави пойдории оила

Ҳарчанд дар масъалаи заношӯӣ маъмулан назари мардону занон дар Тоҷикистон тафовут дорад, вале аксари ҳамсарҳои ботаҷриба ба ин боваранд, ки барои пойдории оила аз ҷониби ҳарду тараф пеш аз ҳама эҳтирому ҳамдигарфаҳмӣ зарур аст.

Амрохон Наврӯзов, омӯзгори донишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон 44 сол дошта 20 сол аст соҳиби оила мебошад ва ӯ тарафдори ҳамин андеша аст. Вай, ки мувофиқи машварати модаркалонаш бо духтари аз худаш панҷ сол хурд ва соҳиби танҳо маълумоти миёна оила барпо кардааст, мегӯяд, аз ингуна ҷараён гирифтани зиндагиш шоду розӣ аст, чунки барои ӯ меъёри хушбахтӣ дар синну сол ё миллату мазҳаб нест.

Вай мегӯяд, “ҳар кадом шахсе набошад – хоҳ тоҷик аст, хоҳ узбак аст… кадом миллат набошад, вақте хонадор мешавад, фақат якдигарфаҳмӣ бошад, дар он хонадон агар қадам монд, бояд падару модари домод ё келинро монанди падару модари худ эҳтиром карда тавонад. Асос дар зиндагӣ барои одамизод ҳамин аст, синну солу дигар чизҳо муҳим нест”.

Бархе соҳибназарон, ки ба афзоиши масъалаи бисёрҳамсариву бартарӣ додани баъзе мардҳои рӯзгордида ба занҳои ҷавон баъди ҳамзистии бисёрсола бо ҳамсари аввалашон бо назари интиқодӣ менигаранд, мегӯянд, ин ҷо сабабҳо мухталиф аст: аввалан сатҳи маънавии ҷомеа коста шудааст. Дигар ин ки, ба қавли табибон, бо гузашти сол номуносибии завқи ҳамсарон дар равобити маҳрамона гоҳо бузургтар мешавад ва занҳоро камҳавсалаву бесалиқа, вале мардон баръакс умри дубораро шурӯъ мекунанд.

Вале аз назари хонум Гулбаҳор, ки хушбахту пурра қаноатманд будани ҳамсаронро дар ингуна оилаҳо ҳам зери шубҳа мебарад, масъала ин ҷо пеш аз ҳама дар адами эҳтиром ба қонунҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон аст.

Вай мегӯяд, “барои он ки қонун дар Тоҷикистон суст аст. Чӣ хеле, ки дар Эрон аст – агар зани дигар гирифт, бояд то охири умр баробар ба занҳои дигараш ба ӯ нигоҳ кунад. Дар мо ин хел нест. Ҳамин “талоқ” мегӯяду баромада меравад, кори худашро мекунад. Як қонуни сахте бошад, ки мардҳо каме тарсанд, қонунро эҳтиром кунанд”.

Вай мегӯяд, бо ин вуҷуд дар Тоҷикистон ҳамоно ҳамсарони зиёд ҳастанд, ки баъди солҳои зиёди ҳамзистӣ ба ҳамдигар хиёнат накарда ба хотири фарзандон, ҳифзи ному обурӯ ва ё ба хотири муҳаббати самимиашон оилаи худро нигоҳ доштаанд. Ва ингуна падару модарҳо талош мекунанд ҳамин ақидаи эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои муҳимтарини оиладориро ба фарзанду набераҳои худ талқин кунанд, то ки онҳо низ сирри хушбахтии худро ба наслҳои баъдӣ бигӯянд.
XS
SM
MD
LG