Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон Ҳомид Карзайро табрик гуфт


Раисони ҷумҳуриҳои Афғонистон ва Тоҷикистон Ҳомиди Карзай ва Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз хазина.

Раисони ҷумҳуриҳои Афғонистон ва Тоҷикистон Ҳомиди Карзай ва Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз хазина.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо як барқия Ҳомид Карзайро барои дубора ба мақоми раисиҷумҳури Афғонистон интихоб шуданаш табрик гуфтааст.

Дар ин барқия аз ҷумла омадааст, ки «Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори сулҳу осоиштагӣ ва рушду пешрафти Афғонистон буд ва хоҳад монд».

Қаблан бисёре аз раҳбарони кишварҳои ҷаҳон аз тасмими барандаи интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон эълон шудани Ҳомид Карзай
истиқбол карданд.

Раҳбарияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҳомид Карзайро "раҳбари қонунии Афғонистон" номид. Созмони Милали Муттаҳид, Бритониё ва Покистон сарварии феълии Афғонистонро бо пирӯзӣ табрик карданд.

Олмон ва Фаронса аз Карзай даъват карданд, ки ба хотири муттаҳид сохтани нерӯҳои сиёсӣ бо рақиби аслияш дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ Абдулло Абдулло ҳамкорӣ кунад.

Комиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон дар бораи пирӯзии Ҳомид Карзай баъди он тасмим гирифт, ки рақиби ӯ дар даври дуввуми интихобот Абдулло Абдулло, бо далели мутмаин набуданаш ба интихоботи озоду шаффоф дар кишвар, аз идомаи сабқат даст бардошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG