Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

General Motors аз фурӯхтани Opel худдорӣ кард


Ба иттилоъи манбаъҳо дар ширкати мошинсозии амрикоии General Motors, ин ширкат аз фурӯхтани Opel бо консорсиуми Magna-Сбербанк (Канадаву Русия) сарпечӣ кардааст. Музокирот дар мавриди аз сӯи Magna-Сбербанк харидорӣ шудани Opel чанд моҳ боз идома доштанд ва ахиран Шӯрои руасои ширкати автомобилсозии амрикоӣ алайҳи фурӯхтани Opel ба ин консорсиум раъй дод.
Дар сурати ҳосил шудани созиш, консорсиум ба 55 дар сади саҳмияҳои ширкат соҳиб мешуд. Кормандони Opel – ба 10 дар сад ва General Motors ба 35 дар сади саҳмияҳо даст меёфтанд.
XS
SM
MD
LG