Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифини ҳукумати Эрон раҳпаймоӣ хоҳанд кард


Гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Эрон мегӯянд, ки бо вуҷуди ҳушдори мақомот, имрӯз, дар чаҳорчӯби таҷлил аз 30-солагии забти сафорати ИМА дар Теҳрон, намоишҳои эътирозӣ доир хоҳанд кард. Қаблан раиси ниҳоди зиддиошӯбҳои Теҳрон генерал Алӣ Ризо Алипур гуфта буд, ки полис алайҳи эътирозгарон аз ҳама нерӯву имкони худ истифода хоҳад кард. Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ низ ҳамин гуна ҳушдор дода буд. Ва аммо, ба иттилоъи хабаргузориҳо, сомонаҳои интернетии нерӯҳои ислоҳотталаб аз ҷонибдорони мухолифин даъват кардаанд, ки имрӯз ба раҳпаймоиҳои эътирозӣ бипайванданд.
Сӣ сол пеш, баъди он ки Вошингтон талаби истирдоди шоҳи Эронро рад кард, донишҷӯён сафорати Амрико дар Теҳронро забт карданд. 52 корманди ин сафорат тайи 444 рӯз дар ин бино гаравгон буданд.
Ба иттилоъи радиои давлатии Эрон, қарор аст узви Маҷлис Ғулом Алӣ Ҳаддод Одил имрӯз дар як маросими расмӣ дар канори бинои собиқи сафорати Амрико суханронӣ кунад.
XS
SM
MD
LG