Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Талоши Русия ва Словакия барои ҷилавгирӣ аз "зукоми хук"


Русия ва Словакия изҳор намуданд, ки дар марзҳояшон бо Украина назорати беҳдоштиро таҳким мебахшанд. Ин тасмим бо хуруҷи маризии “зукоми хук” дар Украина бастагӣ дорад. Сарвазири Украина Юлия Тимошенко рӯзи сешанбе хабар дод, ки теъдоди қурбониён аз ин маризӣ дар кишвар ба 71 нафар расид. Ахиран як ҳайати Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба хотири кумак дар мубориза бо “зукоми хук” вориди Киев шуд. Гуфта мешавад, ки дар Русия аз ин маризӣ аллакай 14 нафар ба ҳалокат расиданд. Ба иттилоъи расмӣ, вазъ, ба вижа, дар минтақаи Забайкалие ва Хабаровск нигаронкунанда аст.
XS
SM
MD
LG