Пайвандҳои дастрасӣ

Баррозо ба интиқоли нерӯҳо ба Афғонистон хушбин нест


Жозе Мануэл Баррозо, раиси Комиссиюни Аврупо, мегӯяд, ки ӯ дар мавриди интиқоли нерӯҳои нави кишварҳои аврупоӣ ба Афғонистон хушбин нест. Дар ҳоле, ки раисиҷумҳури ИМА Барак Обама сари мавзӯъи фиристодани низомиёни нав ба Афғонистон андеша мекунад, назархоҳиҳо дар кишварҳои аврупоӣ боло рафтани теъдоди ҷонибдорони хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистонро намоиш медиҳад. Айни ҳол дар Афғонистон 67 ҳазор низомиёни амрикоӣ ва 42 ҳазор сарбозони дигар кишварҳои узви НАТО мустақаранд.
Жозе Мануэл Баррозо имрӯз дар Вошингтон гуфт, ки ҷомеъаи Аврупо барои фиристодани нерӯҳои нав ба хотири мубориза бо ошӯбгарон дар Афғонистон “ғайрату ҳавсалаи зиёд” надорад. Ҳамзамон ӯ афзуд, ки мавзӯъи фиристодани низомиёни иловагӣ ба Афғонистон моҳи оянда дар нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви НАТО баҳсу баррасӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG